Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳартман дар ифшои иттилоъи сиррӣ айбдор шуд


Корманди собиқи Додгоҳи байнулмилалии ҷиноёти низомии Ҳейг ваё Гаага Флоренс Ҳартман дар беэҳтиромӣ нисбати додгоҳ ва ифшои иттилоъи сиррӣ айбдор шуд. Тибқи ҳукми додгоҳ, хонум Ҳартман бояд ба маблағи 7 ҳазор ёвро (10200 доллар) ҷарима пардохт кунад. Шаҳрванди Фаронса Флоренс Ҳартман, ки тайи шаш сол сухангӯи Додситони Ҳейг Карла де Понте буд, дар китоби худ ва сипас дар як матлаб дар маҷалла бархе аз асноди махфии парвандаи раҳбари пешини Югославия Слободан Милошевич, аз ҷумла, дар робита ба куштори 8 ҳазор мардону кудакони мусалмон дар Сребренитсаро ҷой дода буд.
XS
SM
MD
LG