Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии Зайдӣ аз маҳбас як рӯз ба таъхир уфтод


Раҳоии хабарнигори ироқӣ Мунтазир Зайдӣ аз маҳбас як рӯз ба таъхир уфтод. Бародари Зайдӣ ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ки хабарнигор рӯзи сешанбе зиндонро тарк хоҳад кард. Мунтазир Зайдӣ моҳи декабри соли гузашта дар як нишасти хабарӣ дар Бағдод кафшҳояшро сӯи раисиҷумҳури вақти Амрико Ҷорҷ Буш ҳаво дода буд. Ӯ дар ҳамон нишаст боздошт ва сипас бо ҷурми ҳамла ба раҳбари давлати хориҷӣ барои 3 сол равонаи зиндон шуд. Ва аммо додгоҳ баъдан ҳукмро бознигарӣ ва мӯҳлати ҳабси Зайдиро кам кард. Қаблан хабар дода мешуд, ки хабарнигор бояд рӯзи душанбе аз маҳбас раҳо шавад.
XS
SM
MD
LG