Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров – панҷумин дар ҷаҳон


Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик
Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик

Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик, дар мусобиқаи ниҳоии ҷаҳонии варзишҳои майдонӣ дар шаҳри Салоникии Юнон бо натиҷаи 77 метру 14 сантиметр ҷои 5-умро касб кард.

Байни 8 нафар беҳтарин гурзандозҳои ҷаҳон, ки дар мусобиқаи ниҳоӣ ширкат доштанд, Примош Козмуш (Словения) бо натиҷаи 79 метру 80 сантиметр ҷои аввалро соҳиб шуд. Игор Соколов (Латвия) бо натиҷаи 79 м 32 см дар ҷои дуввум ва Крижтиан Парс (Маҷористон) бо натиҷаи 77 м 49 см дар ҷои севум қарор гирифтанд. Боз як нафари дигар Алексей Загорний (Русия) бо натиҷаи 77 м 26 см аз Дилшод Назаров пеш гузашт.

Пас аз гурзандози тоҷик Шимон Сиолковский (Лаҳистон, ҷои шашум, 76 м 96 см), Андреас Наклитс (Хорватия, ҷои ҳафтум, 75 м 35 см) ва Алӣ Муҳаммад Ал-Зинкавӣ (Кувайт, ҷои ҳаштум, 73 м 61 см) ҷойгир шуданд.
XS
SM
MD
LG