Пайвандҳои дастрасӣ

Фаррух Амонатов – дар ҷои 18-ум


Фаррух Амонатов, шатранҷбози тоҷик

Фаррух Амонатов, шатранҷбози тоҷик

Фаррух Амонатов, шатранҷбози тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии шоҳмоти Русия байни мардон дар шаҳри Улан-Удэ байни 57 нафар дар ҷои 18-ум қарор гирифт.

Гроссмейстери тоҷик аз 11 бозӣ 6 имтиёз ба даст овард. Ӯ дар 3 бозӣ пирӯз шуда, 6-тоашро мусовӣ анҷом дод ва дар 2 бозӣ мағлуб гашт.

Гроссмейстерҳои байнулмилалӣ Констандин Ланда, Александр Ластин ва Вадим Звягинсев 7-имтиёзӣ ба даст оварданд. Аз рӯи натоиҷи изофӣ Ланда ҷои аввал, Ластин ҷои дуввум ва Звягинсев ҷои севумро касб карданд. Игор Курносов ва Алексей Дреев бо 6,5-имтиёзӣ ҷойҳои 4-уму 5-умро соҳиб шуданд.

Бар асоси низомномаи мусобиқа 5 нафар беҳтаринҳо ба суперфинал ё даври ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Русия, ки моҳи декабр дар шаҳри Маскав баргузор хоҳад шуд, роҳ ёфтанд.
XS
SM
MD
LG