Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзҳои истироҳат бозиҳои даври 11-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Дар се бозӣ, ки 12-уми сентябр доир шуд, меҳмонон пирӯз гаштанд. «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар сафар бар ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Голҳоро Пирмурод Бурҳонов (дақиқаи 2-юм) ва Баҳодур Муродов (90-ум) заданд.

«Вахш»-и Қӯрғонтеппа низ дар меҳмонӣ «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод. Мақсуд Раҳимов, бозигари мизбонон, дар дақиқаи 28-ум ҳисобро боз кард. Нӯъмон Ҳакимов, ҳамлагари меҳмонон, дар дақиқаи 66-ум аз пенолти ё ҷаримаи 11-метра ҳисобро баробар намуд. Вале баъди ду дақиқа Асадулло Бобоҷонов голи дуввуми «Парвоз»-ро ба самар расонд. Ҷомихон Муҳиддинов, ҳамлагари «Вахш», дар дақиқаи 72-юм ҳисобро боз мусовӣ кард. Голи севум ва ҳалкунандаро Раҳматулло Фузайлов 5 дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ ба ҳадаф расонда, ба «Вахш» пирӯзӣ овард.

«Энергетик»-и Душанбе ба дарвозаи дастаи мизбон - «Гвардия»-и Душанбе – чаҳор голи беҷавоб зад. Сӯҳроб Ҳамидов ду гол (дақиқаҳои 23-юм ва 77-ум), Шодибек Ғаффоров (25-ум) ва Фарҳод Холбеков (32-юм) якголӣ ба самар расонданд.

Бозии охирини даври 11-ум 13-уми сентябр дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода байни дастаи мизбон - «Регар» ТадАЗ ва «Истиқлол»-и Душанбе доир шуд. Тӯби ягонаи дар хотимаи нимаи аввал (45+1) ба дарвозаи меҳмонон задаи Комил Саидов тақдири бозиро ба фоидаи мизбонон ҳал кард.

«Равшан» -и Кӯлоб бидуни бозӣ бо ҳисоби фаннии 3:0 ғолиб дониста шуд, зеро рақибаш – дастаи «Спитамен»-и ноҳияи Спитамен ба иллати набуди маблағ аз ширкат дар давраи дуввуми мусобиқот даст кашидааст.

Бад-ин тартиб дар ҷадвали мусобиқот мисли пешин муддаъиёни унвони қаҳрамонӣ - дастаҳои «Хуҷанд» ва «Вахш» - пешсафанд. Ҳарду 28-имтиёзӣ ба даст овардаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо «Хуҷанд» дар ҷои аввал ва «Вахш» дар ҷои дуввум қарор доранд.

«Регар» ТадАЗ бо 23 имтиёз дар ҷои севум ва «Истиқлол» бо 20 имтиёз дар ҷои чаҳорум ҷойгир шудаанд.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 19-уми сентябр

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Хуҷанд»

11

9

1

1

25-7

28

2.

«Вахш»

11

9

1

1

22-10

28

3.

«Регар» ТадАЗ

11

7

2

2

19-9

23

4.

«Истиқлол»

11

6

2

3

20-14

20

5.

«Энергетик»

11

5

1

5

29-17

16

6.

«Равшан»

11

4

2

5

20-18

14

7.

«Парвоз»

11

3

4

4

14-14

13

8.

«Спитамен»

11

1

3

7

9-23

6

9.

«Гвардия»

11

1

2

8

5-36

5

10.

CСKA «Помир»

11

0

2

9

7-25

2


Беҳтарин голзанҳо: Нӯъмон Ҳакимов («Вахш») ва Сӯҳроб Ҳамидов («Энергетик») – 10-голӣ, Пирмурод Бурҳонов («Хуҷанд») – 8 гол.

Бозиҳои даври 12-ум: 19-уми сентябр – «Истиқлол» - «Парвоз», «Равшан» - «Энергетик», «Хуҷанд» - «Гвардия», 20-уми сентябр –«Вахш» - ССКА «Помир».
XS
SM
MD
LG