Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Эрон мурофиаи нави эътирозгарон шурӯъ мешавад


Додгоҳи инқилобии Эрон имрӯз мурофиаи панҷуми оммавии эътирозгаронеро, ки дар ташкили ошӯбҳо баъд аз эълони натоиҷи интихоботи рӯзи 12 июни раёсатҷумҳурии Эрон муттаҳам мешаванд, шурӯъ мекунад. Хабаргузории расмии ИРНО мегӯяд, ба ин мурофиа бархе хабарнигорони маҳаллӣ роҳ дода хоҳанд шуд, вале дастрасии расонаҳои хориҷӣ ба ин додгоҳ дар Теҳрон манъ будааст. Дар Эрон то кунун дар бастагӣ ба эътирозҳое, ки ин кишварро дар пайи эълони пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи 12 июн фаро гирифт, ҳудуди 140 нафар, бо шумули раҳбарони ҷиноҳҳои ислоҳталаб ва кормандони сафоратхонаҳои Бритониёву Фаронса, ба додгоҳ эҳзор шудаанд. Мухолифини эронӣ ин мурофиаҳоро “додгоҳҳои намоишӣ” номида, маҳкум мекунанд.
XS
SM
MD
LG