Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зайдӣ имрӯз ба озодӣ мебарояд


Интизор меравад, хабарнигори ироқӣ Мунтазир Зайдӣ, ки ба маҳзи дар як нишасти хабарӣ ба сӯи раисиҷумҳури вақти Амрико Ҷорҷ Буш ҳаво додани кафшҳояш маъруфияти ҷаҳонӣ пайдо кард, имрӯз аз зиндон озод шавад. Навори он нишасти хабариро, ки Зайдӣ бо нидои “саг” кафшҳояшро ба сӯи мубтакири шурӯъи ҷанги Ироқ ҳаво дод, миллионҳо нафар тамошо карданд. Зайдӣ баъдан бо ҷурми ҳамла ба раҳбари давлати меҳмон ба 3 соли зиндон маҳкум шуд. Баъдан ҳукми ӯро кам карданд ва аъзои хонаводааш интизор доранд, ки Зайдиро имрӯз аз зиндон раҳо кунанд.
XS
SM
MD
LG