Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳимӣ ноиби аввали Аҳмадинажод шуд


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод Муҳаммадризо Раҳимиро ноиби аввали худ таъйин кард. Раҳимӣ дар давраи аввали раёсати Аҳмадинажод яке аз ноибони сершумори ӯ буд. Аҳмадинажод қаблан талош кард, қудояш Исфандиёр Раҳими Машоиро ноиби аввали худ таъйин кунад. Вале ба дунболи мавҷи интиқодҳо раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ номзадии Машоиро радд кард.
Рӯзи 3 сентябр, 18 тан аз 21 номзад ба узвияти кобинаи нави вазирони Маҳмуди Аҳмадинажод раъйи эътимоди аъзои Маҷлиси Шӯрои Исломӣ, парлумони Эронро ба даст оварданд.
XS
SM
MD
LG