Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 38 нафар дар сӯхтори Талдиқӯрғон


Мақомот дар Қазоқистон мегӯянд, бар асари сӯхтор дар як маркази табобати мӯътодони маводи мухаддир дар шаҳри Талдиқӯрғон, дар ҷанубушарқи ин кишвар, 38 нафар ҳалок шудаанд. Вазорати ҳолоти изтирорӣ мегӯяд, 40 нафарро тавонистаанд аз бинои оташгирифта берун бикашанд. Иллати сӯхтор ҳанӯз рӯшан нест. Сарвазири Қазоқистон Карим Масимов ба хотири таҳқиқи қазия як ҳайъати давлатиро таъйин кардааст.
XS
SM
MD
LG