Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даргирии хунин дар вилояти Фароҳ


Сухангӯи урдуи давлатии Афғонистон гуфт, дар ҷараёни як даргирӣ дар ғарби он кишвар даҳҳо ҷангии толиб кушта шуданд. Абдулбасир Ғорӣ, сухангӯи урду гуфт, ин даргирӣ рӯзи шанбе дар вилояти Фароҳ чанд соат тӯл кашидааст. Ҳамларо толибон оғоз карда, се сарбози Амрико ва 7 сарбози афғонро ба ҳалокат расондаанд. Элизабет Матиас, сухангӯи нирӯҳои Амрико гуфт, шабехуни ҷангиён ду таркиши бомб ва силсилаи ҳамлаҳои хумпораиву тӯпхонаиро дар бар мегирифт.
Хонум Матиас гуфт, ҷангандаҳои НАТО дар посух сангарҳои чирикиҳоро бомбор карданд. Абдулбасир Ғорӣ теъдоди ҷангиёни кушташударо то 50 нафар мегӯяд, вале ин хабар аз ҷониби мақомоти дигари Афғонистон то ҳол расман тасдиқ нашудааст.
XS
SM
MD
LG