Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аҳмадинажод дар бораи шурути музокирот бо қудратҳо


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, кишвараш барои музокирот бо қудратҳои ҷаҳонӣ рӯи масоили ҷаҳонӣ омодааст, аммо бар сари ҳаққи Теҳрон ба фанновариҳои ҳастаӣ сари мизи музокирот нахоҳад нишаст. Хабаргузории Форс Нюс аз қавли Аҳмадинажод навишт, ки гуфтааст, “доштани фанновариҳои мусолиматомези ҳастаӣ ҳаққи қонунии Эрон аст ва мардуми Эрон бо касе бар сари ҳуқуқи бидуни баҳсаш вориди музокирот нахоҳад шуд.” Эрон рӯзи чоршанбе ба гурӯҳи “5 +1”, ки 5 узви доимии Шӯрои Амният – Амрикову Бритониёву Фаронса ва Русияву Чинро бо иловаи Олмон муттаҳид мекунад, бастаи пешниҳодҳояш ба манзури таскин додани мояи нигарониҳои Ғарб пиромуни барномаҳои ҳастаияшро ироа кард.
XS
SM
MD
LG