Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба Венесуэла 2,2 миллиард $ қарз медиҳад


Раисиҷумҳури Венесуэла Ҳуго Чавес гуфт, Русия розӣ шудааст, ба ин кишвар барои харидории таслиҳоти русӣ, бо шумули тонкҳову мушакҳои замин ба ҳаво 2,2 миллиард доллар қарз бидиҳад. Чавес, ки дирӯз дар ҳафтавори телевизиониаш сухан меронд, гуфт, қарордоди харидории таслиҳоти русӣ, ки зимни сафари ҳафтаи гузаштаи ӯ ба Русия имзо шуд, 92 тонки тамғаи Т-72, мушакҳои замин ба баҳр ва мушакҳои навъи S-300-ро, ки қодир ба суқут додани ҳавопаймоҳои ҷангианд, дар бар мегирад. Чавес гуфт, Венесуэла барои он таслиҳоти бештар мехарад, ки дар пайи тасмими ҳамсоякишвари Колумбия, ки ҳузури бештари нирӯҳои Амрикоро дар қаламраваш иҷозат додааст, эҳсоси хатар мекунад. Дар аҳди Чавеси чапгаро ва мунаққиди Амрико Венесуэла аз Русия тайи солҳои охир ба маблағи беш аз 4 миллиард доллар таслиҳот харидааст.
XS
SM
MD
LG