Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил раванди сулҳро аз сар мегирад


Ҷорҷ Митчелл ва Бенямин Нетаняҳу
Ҷорҷ Митчелл ва Бенямин Нетаняҳу

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил мегӯяд, пеш аз идомаи музокироти сулҳи Ховари Миёна бояд ихтилофоти назари кишвараш бо Амрико дар ин замина рафъ шавад.

Вай мегӯяд, умедвор аст, ихтилофоти назари кишвараш бо Амрико дар робита ба ҷараёни сулҳи Ховари Миёна рафъ хоҳад шуд. Ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи ҳукуматаш, вай гуфт, ба хотири аз сар гирифтани музокироти сулҳ бо фаластиниён имрӯз барои дидору мулоқот бо Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури Миср, ба шаҳри Қоҳира сафар мекунад, ки ин кишвар аз миёнҷигарони аслии байни Фаластиниёну Исроил маҳсуб мешавад.


Нетаняҳу афзуд: "Корҳое боқӣ мондааст, ки бояд анҷом дода шавад. Дар баъзе аз заминаҳо мо пешрафт кардаем, аммо дар баъзе аз заминаҳои мушаххас бояд пешрафт кунем. Умедворам, ки мо метавонем, ихтилофоти назари мавҷудро кам ва ё рафъ кунем, то ки дар музокироти дипломатӣ ба пеш ҳаракат намоем. То ҷое ки аз мо вобаста аст, мо ҳеҷ далеле барои таъхир намебинем. Аммо танҳо мо нестем, ки роҳи оғози музокироти дипломатиро бастаем. То ҷое ки аз мо вобаста аст, ин корро метавон фардо ё дирӯз анҷом дод."

Воқеан як монеаи аслӣ дар роҳи музокирот, идомаи шаҳраксозиҳои Исроил дар сарзаминҳои ишғолии Фаластиниён дар Канораи Ғарб аст, ки мухолиф бар қонунҳои байналмилалӣ мебошад.

Исроил ҳафтаи гузашта иҷоза дод, то дар ин сарзаминҳо 455 хонаи нав бунёд шавад, ҳарчанд Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико аз Исроил хоста буд, тамоми фаъолиятҳо барои шаҳраксозиро дар ин сарзаминҳо муттавақиф кунад.

Йраел Катз - вазири Исроил гуфт, шаҳраксозӣ масъалаи аслии ихтилофоти назар миёни Амрикову Исроил аст. Иҷозаи ҳукумати Исроил барои бунёди шаҳракҳои нави яҳудинишин дар сарзаминҳои ишғолӣ хашми Маҳмуд Аббос – раиси ҷумҳури Фаластиниёнро барангехт ва ӯ гуфт, то замоне, ки Бенямин Нетаняҳу фаъолиятҳои шаҳраксозиро муттавақиф накунад, бо ӯ гуфтӯгу нахоҳад кард.

Дар акси ҳол ба гуфтаи Маҳмуд Аббос ҳузураш дар нишасти сеҷониба бо Барак Обама дар ҳошияи нишасти Созмони Милал дар охири ҳамин моҳ ҳеҷ маънӣ нахоҳад дошт. Айни замон Ҷорҷ Митчелл – фиристодаи Амрико дар умури Ховари Миёна рӯзи якшанбе вориди Ховари Миёна шуд, то роҳро барои музокироти сеҷониба дар шаҳри Ню Йорк ҳамвор кунад.

Ҷорҷ Митчелл бо мақомоти баландпояи вазоратҳои дифоъ ва умури хориҷии Исроил мулоқот дошт ва қарор аст, баъди бозгашти Бенямин Нетаняҳу аз Миср бо ӯ ҳам доир ба ҷараёни сулҳ гуфтугӯ кунад.
XS
SM
MD
LG