Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти бенатиҷаи ду раиси ҷумҳур


Раҳбарони Русия ва Туркманистон дар робита ба ҷадвали замонии аз сар гирифтани интиқоли гази туркманӣ ба Русия ба созиш нарасиданд. Инфиҷор дар лӯлаи бузурги интиқоли газ моҳи апрел ҷараёни гази Туркманистон ба Русияро қатъ кард. Интизор мерафт, ки дар мулоқот дар Туркманистон Дмитрий Медведев ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов масъалаи эҳёи интиқоли гази табииро ҳал мекарданд. Сергей Приходко ёвари Дмитрий Медведев, гуфт, ширкатҳои ду тараф ба зудӣ дар мавриди ниҳоӣ кардани ҷадвали интиқоли газ ва қиммати он ба гуфтӯгу менишинанд. Туркманистон хостори ҳарчӣ зудтар тармим шудани лӯла ва содироти газ аст, зеро буҷаи давлатии он пойбанди даромад аз фурӯши гази табиист. Агарчӣ луӯлаҳои гази мерос аз замони шӯравӣ фарсуда шудаанд, аммо барои тармими онҳо на бештар аз як ҳафта вақт зарур аст.
XS
SM
MD
LG