Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Туркманистону Русия доир ба газ


Сергей Приходко – ёвари раиси ҷумҳури Русия гуфт, ин кишвар ва Туркманистон саъй доранд, то содироти гази туркманӣ ба Русия аз сар гирифта шавад. Сергей Приходко, ки Дмитрий Медведевро дар Туркманистон ҳамроҳӣ мекунад, гуфт, ширкатҳои ду тараф ба зудӣ дар мавриди ниҳоӣ кардани ҷадвали интиқоли газ ва қимати он ба гуфтӯгу менишинанд. Ҷараёни гази табии Туркманистон ба Русия баъди хароб шудани як лӯлаи муҳим дар моҳи апрел қатъ шуд. Кашолкории Русия дар тармими лӯла, сабаби нороҳатии Туркманистон шуд, ки буҷаи давлатиаш пойбанди даромад аз фурӯши газ аст. Дмитрий Медведев - раиси ҷумҳури Русия, дар мавриди ҳамкорӣ дар ин арса имрӯз бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов – ҳамтои туркманаш дар шаҳри ғарбии Туркманбошӣ гуфтӯгу кард. Туркманистон, ки бузургтарин фурӯшандаи газ дар Осиёи Марказист, ҳаҷми зиёди гази худро аз тариқи лӯлаҳои Русия ба хориҷ содир мекунад.
XS
SM
MD
LG