Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳпаймоии азим ба зидди сиёсати Обама


Дар шаҳри Вашингтони Амрико даҳҳо ҳазор нафар алайҳи барномаи раиси ҷумҳур Барака Обама барои ислоҳи арсаи тиббӣ ва харҷи бештари давлатӣ барои ин арса раҳпаймоӣ карданд. Тазоҳургарон, ки бо ҳидояти гурӯҳҳои муҳофизакори Амрико ба хиёбонҳо рехтаанд, мегӯянд, сиёсати Барак Обама дар соҳаи беҳдоштӣ Амрикоро дар ниҳоят ба сотсиализм ва муфлисӣ мерасонад. Айни замон Барак Обама дар ҳузури 10 ҳазор тарафдоронаш дар шаҳри Миннеаполис ба дурустии сиёсаташ таъкид кард. Вай қавл дод, ки таслими манфиатҳои гурӯҳҳои мухолифи барномааш нахоҳад шуд ва аз амрикоиён хост, фирефтаи “достонҳои тарсноке” нашаванд, ки гурӯҳҳои мухолиф доир ба барномаи ислоҳоти соҳаи беҳдошт мебофанд. Барномаи Барак Обама, ки барои миллионҳо нафар мардуми мӯҳтоҷ бимаи тиббӣ пешбинӣ мекунад, бояд аз тарафи Конгресси Амрико тасвиб шавад.
XS
SM
MD
LG