Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дмитрий Медведев дар Туркманистон


Дмитрий Медведев – раиси ҷумҳури Русия, имрӯз вориди Туркманистон шуд, то бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов – ҳамтои туркмани худ, доир ба масоили энержӣ гуфтӯгу кунад. Сергей Приходко – ёвари Дмитрий Медведев гуфт, дар мулоқот дар шаҳри ғарбии Туркманбошӣ, дурнамои ҳамкориҳо дар заминаи ҳамлу нақли газ ва дигар тарҳҳо баррасӣ мешавад. Вай афзуд, барои Русия муҳим аст, то барномаҳои стротежии Русия дар арсаи истихроҷу фурӯши газ ва мавқеъи Русия дар ин барномаро бидонад. Туркманистон, ки бузургтарин фурӯшандаи газ дар Осиёи Марказист, ҳаҷми зиёди гази худро аз тариқи лӯлаҳои Русия ба хориҷ содир мекунад.
XS
SM
MD
LG