Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон сиёсат кори мардон аст ва барои расидан ба мақомҳои баланди давлатӣ занҳои тоҷик танҳо аз камтарин имконот бархӯрдоранд.

Дар ҳоле, бархе кишварҳои собиқи шӯравӣ аз қолабҳои пешина даст кашида занонро ба маснадҳои баланд сазовор дидаанд, Тоҷикистон барои ҷалби онҳо ба майдони сиёсат камтарин корро анҷом додааст.

Барои намуна, баъд аз соли 1994 ҳамагӣ чаҳор зан -- Мунира Иноятова, Рафиқа Мӯсоева. Қимматгул Рустамова ва Раъно Абдураҳмонова ба мақоми вазирӣ ва Нигина Шарофова, Хайриниссо Мавлонова бо Руқия Қурбонова ба мақоми муовини нахуствазир расидаанд.

РАСИДАН БА МАНСАБ

Мансабдорони собиқ, ё занҳое, ки дар гузашта вазир будаанд, мегӯянд, роҳи расидани занон ба мансаб он гуна ки пиндошта мешавад росту ҳамвор нест.

Собиқ вазири маориф, Мунира Иноятова, мегӯяд, шеваи интихоби занҳо ба вазифаҳои давлатӣ бар пояи арзишҳое мисли "худию бегона" ва "шиносбозӣ" сурат мегирад ва ин ҳол раҳбариро барои занҳои тавонманду боҳунар низ як орзуи дастнорас кардааст.

Хонум Иноятова мегӯяд, дар замони шӯравӣ низ Ҳизби Коммунист мақомҳои давлатиро ба занҳои коммунист медод. Ҳоло низ мансаб ба намояндагони ҳизби ҳоким насиб мешавад, аммо тафовутҳо аст. «Вақте 90 дарсади вазирони Тоҷикистон мардҳо ҳастанд, албатта, онҳо намехоҳанд, ки занон аз онҳо боло бошанд. Занон ба ин мартабаҳо расанд ва барои мардон нишон диҳанд, ки аз онҳо камтар кор нахоҳанд кард, балки бештару хубтар мекунанд. Аслан дар ҷомеаи мо ҳамин ифротназарӣ солҳо боз идома дорад, ки зан барои тарбияи кӯдак ва корубори хона аст. Барои чӣ дар Афғонистон, Покистон ва Эрони исломӣ занҳо ин қадар ба вазифаҳои арзанда мерасанд, аммо дар мо не. Барои он ки роҳи расидани занон мо ҳамвор нест. Ин ҳолат занҳои моро дар рӯҳияи дигар тарбия мекунад. Норозигии занон ба вуҷуд меояд.»

МЕЪЁРИ ГУЗИНИШ


Мунира Иноятова бо ишора ба сиёсати кадрии Шӯравии собиқ мегӯяд, он замон говҷӯшу пахтачинҳо намояндаи мардумӣ интихоб мешуданд ва ё вазифаҳои давлатӣ мегирифтанд. Аммо занҳое, ки озодандеш буданд ва ҷасорати ҳақиқӣ доштанд, ба зудӣ аз мақом дур мешуданд.

Дар кишварҳои ғарбӣ занҳо баро боло шудан дар зиндаҳои давлатдорӣ имконоти зиёд доранд, метавонанд хунару тавони худро бо пиёда намудани пружаҳои мушаххас намоиш диҳанд дар матбуот тарғиб шаванд ва обрӯи сиёсӣ касб кунанд. Занҳо дар Тоҷикистон аз ин гуна шароит бархӯрдор нестанд. Як имконе, ки онҳоро дар мадди назари раҳбарияти кишвар қарор медиҳад ҷаласаҳои занон ва имкони суханронӣ дар онҳост. Барои намуна, ҷонишини раиси Кумитаи ҷавонон хонум Беназир, дар яке аз чунин чорабиниҳо дар назди сарвари давлат сухан рондааст ва дар ҳамон ҷо вазифа гирифтааст.

Мӯътабари Раштӣ, яке аз занҳои фаъоли ҷомеа, ки даъвои мақоми раёсати ҷумҳур ва вазирӣ дорад, мегӯяд аммо шикастани садҳо ва расидан ба орзу кори сангин аст. Ҳамсӯҳбатам мӯътақид аст, ки шиори баробарии ҷинсӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ва тақдими як ду курсии вазирӣ ба занҳо намоишкорие беш нест.

Таҳлилгари тоҷик Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, расидан ба вазифаҳои давлатӣ дар Тоҷикистон на танҳо барои занҳои тавонманд, балки барои мардони ҳунарманд низ сахту сангин аст. Зеро ба гуфтаи ӯ, танҳо як ду нафар тасмим мегиранд, ки кӣ лоиқ аст ва кӣ не. Ин ҳол меафзояд ӯ ҷомеаро аз рушд бозмедорад.

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, ки «бояд сиёсати интихоби кадрҳоро дар Тоҷикистон тағйир дод. Раиси ҷумҳур худаш борҳо аз бекадрӣ изҳори нигаронӣ мекунад, аммо як нафар нест, ки дар ҳамон ҷаласаҳо ҷуръат карда гӯяд, ки кадрҳоро дар рӯйхати давлатӣ қайд намекунанд. Иллат дар атрофиёни раиси ҷумҳур аст. Касеро хоҳанд кадр гуфта пешниҳод мекунанд, бахусус занони таъиниро. Вале кори кадрро мебинанд, хатои хешро ислоҳ намекунанд.»

Хонум Раштӣ бо ишора ба шеваи интихоби занҳо ба мақоми раҳбарӣ мегӯяд бо ин ҳол занҳо ҳеҷ гоҳ наметавонанд, дар ҷомеа нақши муассир дошта бошанд.

ЗАНОН ВА ҲУНАРИ МУДИРИЯТ

Ба гуфти ҷаноби Муллоҷонов, маъмулан давлатмардон аз занҳои вазир қабл аз ҳунару тавони раҳбарӣ итоаткориро интизор доранд, ки боз ҳам бо ҳамон сиёсати мардсолорӣ ва фарҳанги шарқиёна гиреҳ мехӯрад.

Коршиносони дигар низ ин нуктаро тасдиқ мекунанд ва меафзоянд, ба ин сабаб барои занҳо воқеан бедор ва ҳушманд монеаҳои сунъӣ эҷод карда мешаванд ва дар натиҷа занон хомӯширо интихоб мекунанд ва ин хомӯшии занон ва иштирок накарданашон маънои ноилоҷӣ нест, балки эътироз аз бозиҳои сиёсии тақаллубӣ аст.

Мӯътабари Раштӣ мегӯяд: «Ҳарчанд қонунҳо оид ба баробарҳуқуқии зан бисёр аст. Гӯё расман занҳо дар вазифаҳои роҳбари бо мардон баробар аст. Вале қимат, дониш ва устувории занҳо эътироф намекунанд. Аз он ҷумла Мӯсоева ва Абдураҳмоноваро, вазир монданд дар фурсати кӯтоҳ онҳоро аз вазифашон дур карданд. Ҳол он ки вазирони ҳозира он қадар рафтори мардумфиребӣ, хатоҳои ҷиддӣ доранд. Дар матбуот барои бемасъулиятӣ ва ҳаннотӣ борҳо мавриди интиқод қарор гирифтаанд, вале боз ҳамсари мансаб ҳастанд. Бадбахтиаш ин аст, ки боз гунаҳкор мекунанд, ки занон аз ӯҳдаи кор набаромаданд. Ҳол он ки ҳамин занҳоро худашон вазир, муовин ва вакил сохтанд.»

Иброҳими Усмон, донишманди дигари тоҷик, меафзояд, ки феълан ҳукумат сиёсати ҷалби занон ба корҳои иҷтимоӣ, яъне дар зинаҳои поёнро ба роҳ мондааст, ин дар ҳолест, ки занҳои шоистаи кор дар маснадӣ вазирӣ кам нестанд. «Дар замони шуравӣ занони ташкилотчӣ ва боҷуръат нақши муҳим дошт. Ва шуравӣ низ онҳоро сарфи назар аз мансубияти ҳизбии коммунист ба вазифаҳои баланди давлатӣ таъин мекард. Имрӯз занҳои ташкилотчӣ кам надорем. Аммо сиёсати дастгирии занҳо танҳо дар зинаҳои поин аст. Паҳлуи дигар ҳамон назари шарқиёна, яъне ки дар Покистон ва Ҳиндустон занон роҳбар ҳастанд ва вазъи онҳо чӣ гуна аст, шояд таъсир дошта бошад.»

Ба гуфти ҷаноби Усмонов, бояд ки занҳо ба мақоми ректори мактабҳои олӣ ҳам пазируфта шаванд. Ӯ итминон дорад, ки дар ин ин гуна мансабҳо ҳузури занҳо бештар муфид хоҳанд буд. Зеро занон дар тарбияи насли нав, ҳамчун модар ва мураббия дилбастагии хос доранд.

РАФТАН АЗ МАНСАБ

Кам иттифоқ меафтад, ки занон курсии вазириро, тавре ки мардҳои вазир имкон доранд, як даҳсола дар ихтиёр дошта бошанд. Аз вазирони номбурда танҳо Рафиқа Мӯсоева ва Мунира Иноятова аз 3 то шаш сол мансабдорӣ кардаанд. Дигарон бори мансабро 1 сол ё каме бештар аз он кашидаанд.

Шеваи аз кор рафтани занҳои мансабдор тақрибан якранг аст, маъмулан дар ҷаласаи хукуматӣ аз фаъолияти ниҳоди таҳти назари онҳо интиқод мешавад ва ширкатдорони нишаст низ рамуз мегиранд, ки ин ҷаласа барои вазири мавриди интиқод охирин аст.

Лекин собиқ вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ Рафиқа Мӯсоева бо хости худаш истеъфо дод ва то ҳанӯз мушаххас нашудааст, ки чӣ омиле ӯро ба ин амал водор кард.

Раъно Абдураҳмонова, як зани дигар, ки тоза ба мақоми вазири беҳдошт таъин шуда буд, ҳанӯз дар курсии вазирӣ дуруст нанишаста буд, ки ӯро аз кор гирифтанд. Хонум Абдураҳмонова ба пурсиши мо, ки оё иллати истеъфои ӯ дар чӣ буд гуфт, аслан намехоҳад ин мавзӯъро доман занад. Вай мегӯяд, ки «ҳамагӣ 1 солу ду моҳ дар вазифаи вазирӣ кор кардам, чизеро нафаҳмидам ва намехоҳам, дар ин бора гап занам. Дар як солу ду моҳ чӣ натиҷа гирифта ҳам мешавад.»

Ин таҷрибаро пеш аз вазирии Мӯсоева Қиматгул Рустамова низ аз сар гузаронид. Хонум Рустамова қабл аз Мӯсоева ҳамагӣ як сол вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимои кор кард ва ӯро низ Эмомалӣ Раҳмон дар як ҷаласаи васеи ҳукумат гӯё барои ноӯҳдабароӣ барканор кард.

Маъмулан заноне, ки аз мақомҳои баланди давлатӣ озод шудаанд, тақрибан роҳи бозгашт ба зинаҳои давлатиро надоранд. Ин шансест ки як бор ба онҳо дода мешавад. Меҳринисо Бобоева аввал вакили парлумон ва сипас раиси занони шаҳри Душанбе буд. Ӯро раиси ҷумҳур зимни як ҷаласа аз вазифа барканор кард.Ин дар ҳолест, ки аксари вазирҳои мард бо озод шудан аз як мақом дафъатан ба мақоми дигар таъин мешаванд. Занҳои мустаъфӣ маъмулан ё соҳибкор мешаванд ё созмони ғайридавлатӣ таъсис медиҳанд.

РАФТАНИ БЕБОЗГАШТ


Се зан дар вазифаи муовини сарвазир кор кардаанд. Нахуст Нигина Шарофова, Хайриниссо Мавлонова ва феълан Руқия Қурбонова. Вале ҳеҷ яке аз ин бонувон натавонистаанд, ки ҳастӣ ва чеҳраи сиёсии худро ба ҷомеа нишон бидиҳанд. Меҳринисо Бобоева ки қаблан вакили парлумон буданд ва баъдан раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумат интихоб шуданд, баъди беш аз 2 соли раисии кумита аз вазифа барканор шуд.

Ва ҳоло дар яке аз бойгониҳои шаҳри Душанбе кор мекунад. Агар ба 11 нафар занони порлумон ҳам нигарем, чеҳраи онҳо барои ҷомеа чандон ошно нест ва онҳо низ аз хатти муайян берун намешаванд. Ва ин занҳо баъди ду бор ишғол кардани курсии вакилӣ ба вазифаҳои ҷонишини таъин карда мешаванд.

Занҳое ки бо як шеваи такрории «худӣ» будан интихоб мешаванд, вале баъди фаъолияти начандон давомдор бо ҷурми "бемасъулиятӣ" барканор мешаванд, пас чаро боз рӯи ҳамон арзиши «собит» будан ба маҳал ва шахс ин усул такрор мешавад. Ба назар мерасад ки президент Эмомалӣ Раҳмон ҳарчанд занони тавонманду ҳушманд, босалиқа ва миллиро мехоҳад, ки дар ҳукумати хеш дошта бошад.

ҲАЖДАҲ СОЛИ ИСТИҚЛОЛ

Ба сурати умум дар 18 соли истиқлолият нигоҳи ҷомеъаи Тоҷикистон ба нақши зан дигар нашуд. Гузашта аз ин дар тули ин солҳо қолабҳои кӯҳна мустаҳкамтар шуданд ва ҳоло аксари мардҳо мегӯянд "Зан чиву давлатдорӣ чӣ". Ҳарчанд Тоҷикистон барномаи давлатии баланд бардоштани мавқеи занонро дар ҷомеа қабул кардааст ва онро ҳамеша мавриди шиор қарор медиҳад, ки мавқеи зан дар Тоҷикистон баланд аст, тағйири амалӣ ба миён намеояд.

Қабл аз идомаи матлаб таваҷҷуёӯҳи шуморо ба як сӯҳбати сарироҳӣ ҷалб мекунам, ки ҳангоми пажӯҳиши мавзуёӯъ анҷом додаам..
  • «Зани вазире, ки беҳтар кор кунад, беҳтар аз марди вазире аст, ки 5-10 сол мансабро мегирад, фақат дар фикру худашу хешу табораш аст. Ман мехоҳам ки 2 нафар мард вазир бошад, дигарон занҳо бошанд.»
  • «Агар зани сиёсатро фаҳмад, ҷасорати суханашро гуфтан дошта бошад, барои чӣ не. Мардони вазири мо барои худ кушк сохта гаштаанд. Дар Тоҷикистон нарху наво ба осмони ҳафтум аст, аммо фарзандони вазирони мо дар гимназияҳои солона 1000- доллара ва дар донишгоҳҳои хориҷӣ бо маблағи ҳангуфт мехонанд. Занҳо боз баимонтар ҳастанд. Ман занҳои вакил ва муовинони вазирро, ки ҳукумат худаш сохтааст дар назар надорам. Дигар хонумҳоро дар назар дорам»
  • «Як занро вазир монданд, чӣ кор кард? Мо занҳои босавод кам дорем. Мардони вазир ҳам камбудӣ мекунанд, аммо президент боз онҳоро мебахшад, аммо занҳоро не. Барои ҳамин ман намехоҳам ки занон вазир шаванд ва баъдан обрӯяшон резад. Не зан вазир нашавад.»

ТАФОВУТИ БОЗНИШАСТАГИҲО

Аксари ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, сиёсати ҳукумат дар қиболи масоили занҳо ва ё ҷалби ҷиддии занҳо ба корҳои давлатӣ ва масоили баробарии ҷинсӣ таҷдиди назар мехохад, вагарна бо нақши камранги занҳо Тоҷикистон ҳамчунон ҷомеаи мардсолор ва ноодил боқӣ хоҳад монд. Як падида ва ё шонси дигари аз вазифа гусел кардани занони ҷамъиятӣ ин аст, ки онон ба сини нафақа мерасанд.

Барои намуна Гулафзо Савридиновадар сини 58-солагӣ бо сабаби ба нафақа расидан аз вазифаҳои давлатӣ рафт. Аммо Оқил Оқилов сарвазири Тоҷикистон сарфи назар аз он ки аз синни ба нафақа расидани ӯ 3 сол гузаштааст, ҳоло ҳам дар вазифа аст. Ва Сайдулло Хайруллоев ҳам аз синни нафақа ду сол гузаштааст, вале ҳам курсии раиси Маҷлиси Намояндагонро озод нагузоштааст.

Теъдоди мардони синнашон ба нафақа расида дар ҳукумати феълии Тоҷикистон кам нест ва шумори онҳо аз 15 нафар зиёд аст. Суоли матраҳ ин аст, ки чаро Биҳоҷал Раҳимова дар замони шӯравӣ ба симати муовини сарвазирии Иттиҳоди Шуравӣ расид, аммо дар зарфи 18 сол то ба ҳанӯз як зани тоҷик ба вазифаи сарвазирӣ намерасад. Ва ё лаёқатмандии занон гӯё коҳиш ёфтааст?

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG