Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон: "Музокироти ҳастаӣ имконпазир аст"


Манучеҳри Муттакӣ - вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, музокирот бор қудратҳои ҷаҳонӣ доир ба барномаҳои атомии Эрон имконпазир аст, вале ҷумҳурии исломӣ аз ҳаққи худ барои доштани барномаи ҳастаӣ даст нахоҳад кашид. Пештар аз ин Эрон ба қудратҳои ҷаҳонӣ пешниҳод карда буд, то дар мавриди “чолишҳои байналмилалӣ” гуфтӯгу кунанд. Амрико рӯзи ҷумъа гуфт, ин кишвар ва шарикони байналмилалиаш умедворанд, ба зудӣ бо Эрон доир ба барномаҳои баҳсбарангези атомиаш гуфтӯгу хоҳанд кард. Филип Кровлӣ - сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико, рӯзи ҷумъа гуфт, бо вуҷуди он ки пешниҳодоти ироакардаи Эрон барои гуфтӯгу бо қудратҳои ҷаҳонӣ “ноумедкунанда” буд, аммо фурсатеро барои музокироти мустақим бо Эрон фароҳам мекунад. Филип Кровлӣ гуфт, агар Эрон аз музокироти ҷиддӣ доир ба барномаҳои атомиаш сарпечӣ кунад, Амрико ва ҷомеъаи байналмилалӣ бар асоси ҳамин натиҷа, нисбат ба барномаҳои Эрон қазоват хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG