Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Граф ва Матилда ин дафъа ҳам Боғи ҳайвоноти Душанберо ба як маҳалли пуродами шаҳр табдил доданд. Назаралӣ Сатторов, раҳбари Боғи ҳайвонот, мегӯяд, Граф ва Метилда имсол низ ба боғи, ба истилоҳ, фақири онҳо якбора чаҳор шербачаро тақдим кардаанд.

Оқои Сатторов мегӯяд, агарчӣ ҳодисаи тавлиди чаҳор шербача дар Боғи ҳайвонот кам воқеъ меафтад, вале онҳо барои дуввумин бор аст, ки шоҳиди чунин ҳодиса мешаванд.

Вай афзуд, “соли гузашта аз Граф ва Матилда чор шербача ба дунё омада буд. Ин шербачаҳоро мо ба боғи ҳайвоноти “Сказка”-и шаҳри Ялтаи Русия фиристода будем. Хурсандиовар аст, ки имсол низ мо аз Матилда ва Граф чор шербачаи дигар гирифтем. Ва имрӯз мо дар фикри он ҳастем, ки ин шербачаҳоро чӣ гуна ба дигар Боғи ҳайвонот диҳем, то ба ивази онҳо ба Боғи ҳайвоноти Душанбе ҳайвонҳои дигарро ворид кунем”.

Раҳбари Боғи ҳайвоноти Душанбе мегӯяд, муассисаи онҳо узви Анҷумани боғи вуҷуши кишварҳои Ҷомеаи муштаракулманофеъ ва Аврупо астанд ва бо ирсоли як нома аз онҳо хостаанд, ки барои интиқоли ин шербачаҳо ба боғи ҳайвоноти дигар кӯмак кунанд. Раҳбари Боғи ҳайвоноти Душанбе вазъи сиҳҳати ин чаҳор шербачаро хуб арзёбӣ кард ва гуфт, ки сиҳҳатии онҳоро байторони ҳирфаии ин боғ таҳти назорат доранд:

“Ҳар рӯз қариб чор дона тухм барои сафеда пур шуданаш ба ин шерҳо медиҳем. Хӯроке, ки пештар медодем, боз ҳам зиёд кардем, чунки шербачаҳо ҳоло фақат шири модари худро мехӯранд”.

Замоне ки мо ҳам барои тамошои ин шербачаҳо рафтем, ҳавои гарм буд ва онҳо пушти панҷара дар канори волидони худ мехобиданд. Бештари меҳмонони боғи ҳайвонот ҳам мегуфтанд, ки мисли мо барои дидани шербачаҳо омадаанд. Як зан, ки ҳамроҳи фарзандонаш шербачаҳоро меҷуст, ба мо гуфт, ки нисбат ба чанд соли гузашта вазъи Боғи ҳайвонот беҳтар шудааст.

Як ҳамсӯҳбати дигари мо, ки мегуфт сокини Душанбе аст, бо дарёфти хабари таввалуди шербачаҳо ба ин боғ омадааст ва аз дидани онҳо лаззат мебарад. Вай бовар дорад, ки афзудани шумораи ҳайвонот на танҳо боғро рангин, балки ба афзоиши тамошобинони ин боғ ҳам сабаб мешавад.

Граф ва Матилда аз насли шерони африқоианд, ки соли 2007 аз Боғи вуҳуши шаҳри Тошканди Узбакистон ба Боғи ҳайвоноти Душанбе оварда шудаанд.

Зӯҳробону Имомова, ки Граф ва Метилдаро нигоҳубин мекунад, аллакай ба чаҳоргонаи онҳо ном гузоштааст. Вай онҳоро се паҳлавон ва Вадим мегӯяд. Ба саволи мо, ки чаро онҳо чунин номгузорӣ шудаанд танҳо хандид ва гуфт, ки номи Вадим ба ӯ мақбул ва ин шербачаҳо бештар ба паҳлавонҳо монанданд.

Феълан дар боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе 130 навъ ва бештар аз як ҳазор ҳайвонот ба сар мебаранд. Бо ин ҳол гуфта мешавад, ки Боғи ҳайвоноти Душанбе ҳамеша ба мушкили молӣ мувоҷеҳ буда, то кунун натавонистааст, ҳайвоноти нодири дигарро аз хориҷ ба кишвар ворид кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG