Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интихоботи Афғонистон ҳоло "пирӯз" надорад


Намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон гуфт, дар интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон “то кунун ягон кас пирӯз” нашудааст. Айни замон, Кумиссиёни мустақили интихоботи Афғонистон бояд ба зудӣ ва бори аввал натиҷаҳои пурра ва муқаддамотии интихоботи моҳи гузаштаро эълом кунад, ки ҷанҷол дар мавриди тақаллубкорӣ дар он зиёд аст. Бино ба гузоришҳо, зоҳиран дар эъломи натиҷаҳои интихобот таъхир хоҳад шуд, зеро кумиссиёни интихоботӣ садҳо шикоят дар мавриди тақаллубкориро таҳқиқ мекунад. Ин кумиссиён, ки бо ҳимояти Созмони Милал фаъолият мекунад, чанде пештар раъйи 83 маркази раъйдиҳӣ ва аксаран аз манотиқи тарафдорони Ҳомиди Карзайро ба ҳисоб нагирифт. Бино ба натиҷаҳои нопурраи интихобот Ҳомиди Карзай раиси ҷумҳури феълӣ қариб 50 дар сади раъйи мардумро соҳиб шудааст. Вале агар кумиссиёни интихоботӣ орои дигар ҳавзаҳои шубҳабарангезро ба ҳисоб нагирад, орои ба дастовардаи Ҳомиди Карзай аз 50 фисад ҳам камтар хоҳад шуд ва ӯро барои рақобат бо Абдулло Абдулло ба даври дуввуми интихобот хоҳад кашид. Доктор Абдулло мегӯяд, дар интихоботи рӯзи 20 август ба нафъи Ҳомиди Карзай тақаллуби густурдае сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG