Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафт корманди пулиси Афғонистонро куштанд


Дар як даргирӣ миёни ҷангҷӯёни Толиб ва кормандони пулиси дар шаҳри Қундуз 11 ҷангҷӯ ва ҳафт корманди пулиси Афғонистон ҳалок шудаанд. Ба гуфтаи Ҷумъахон Бобур - раиси ноҳияи Имом Соҳиб, Толибон ба посгоҳи пулис дар минтақаи Дурай сурат гирифтааст, ва яке аз кормандони пулис бенишон ҳам шудааст, ки ба гуфтаи вай, эҳтимолан бо Толибон иртибот дорад. Вилояти шимолии Қундуз наздик ба Тоҷикистон яке аз манотиқи ороми Афғонистон буд, вале тайи 18 моҳи ахир шоҳиди авҷ гирифтани ҳамлаҳои ҷангҷӯёни Толиб шудааст.
XS
SM
MD
LG