Пайвандҳои дастрасӣ

Венесуэла соҳиби мушакҳои русӣ мешавад


Ҳуго Чавез – раиси ҷумҳури Венесуэла мегӯяд, кишвараш ба зудӣ мушакҳои кӯтоҳпапрвози русиеро дарёфт хоҳад кард, ки қодир ба парвоз дар масофаи то 300 километр аст. Венесуэла бо Русия як қарордоди низомӣ имзо кардааст ва харидани мушакҳо бахше аз он аст. Ҳангоми суханронӣ дар шаҳри Каракас пойтахти Венесуэла, Ҳуго Чавез нагуфт, кишвараш чанд мушаки кӯтоҳпарвоз аз Русия харидорӣ мекунад. Ҳуго Чавези чапгаро, ки ҳамин ҳафта дар Русия буд, пайваста Амрикоро танқид мекунад ва бино ба гузоришҳо то кунун барои харидани ҳавопаймоҳову чархболҳо ва дигар муҳимоти ҷангии русӣ 4 миллиард доллар сарф кардааст. Хабар ҳам ҳаст, ки ҳоло барои харидани тонкҳои русӣ музокира ҳам анҷом медиҳад.
XS
SM
MD
LG