Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5+1 умедвори гуфтӯгу бо Эрон


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, ин кишвар ва шарикони байналмилалиаш умедворанд, ба зудӣ бо Эрон музокироти чандҷониба анҷом хоҳанд, то майли он кишвар барои баррасии барномаҳои атомиашро бидонанд. Филип Кровлӣ - сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико, рӯзи ҷумъа гуфт, бо вуҷуди он ки пешниҳодоти ироакардаи Эрон барои гуфтӯгу бо қудратҳои ҷаҳонӣ “ноумедкунанда” буд, аммо фурсатеро барои музокироти мустақим бо Эрон фароҳам мекунад. Дар бастаи пешниҳодии Эрон, ки ин ҳафта ироа шуд, ин кишвар ба барномаҳои атомиаш бахусус ишора накардааст. Филлип Кровлӣ гуфт, агар Эрон аз музокироти ҷиддӣ доир ба барномаҳои атомиаш сарпечӣ кунад, Амрико ва ҷомеъаи байналмилалӣ бар асоси ҳамин натиҷа, нисбат ба барномаҳои Эрон қазоват хоҳанд кард. "Мо омодаи гуфтӯгу бо Эрон ҳастем. Мо умедвори музокирот бо Эрон ҳастем. Мо бахусус хоҳони баррасии масоили ҳастаӣ ҳастем. Дар чаҳорчӯби музокироти панҷ бар изофаи як мо омодаем дигар масоилеро, ки онҳо мехоҳанд, дар миён гузоранд, баҳс кунем. Аммо агар Эрон аз музокироти ҷиддӣ сар боз занад, мо Амрико, ҷомеаи байналмилалӣ ва Шӯрои Амнияти Созмони Милал бар асоси ҳамон қазоват хоҳем кард." Амрико ва шариконаш гуфтаанд, агар Эрон аз ҳамкорӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ дар мавриди барномаҳои атомиаш сарпечӣ кунад, масъалаи таҳримоти тозаи байналмилалиро ба зидди онро дар миён мегузоранд. Шӯрои Амният бинобар сарпечии Эрон аз муттавақиф кардани фаъолиятҳои ғанисозии ураниум, ки метавонад барои сохти бомби атомӣ ҳам истифода шавад, ба зидди Эрон се маротиба таҳрим эъмол кардааст. Эрон мегӯяд, барномаҳои атомиаш танҳо ба хотири тавлиди нерӯи барқ аст. Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, Эрон бояд то моҳи сентябр майлаш ба музокирот дар мавриди барномаҳои атомиро нишон диҳад, ва ё ба иқдомоти эҳтимолии баъдӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG