Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барои аввалин бор кони ангишти Камароб дар ноҳияи Рашт мавриди баҳрабардории мардум қарор гирифт.

Ин кон дар баландии беш аз 3500 метр дар дараи Камароб воқеъ буда, бо сармояи ширкати бритониёи «Садл Бей корпорейшн» ифтитоҳ шудааст.

Шералӣ Ҳотамов, сармуҳандиси кони ангишти Камароб ба радиои Озодӣ гуфт, феълан ҳамарӯза бо мошинҳои борбари ин ширкат то 400 тонна ангишт ба хирманҷой интиқол дода мешавад, ки баъди баста шудани роҳи кон ва бо омадани барфи аввал мардум аз ин мавзеъ ангишт харидорӣ хоҳанд кард.

Ба иттилои ҳамин манбаъ, як тонна ангишти кони Камароб дар маҳалли кон 176 сомонӣ муайн шудааст, ки бо расидан ба рустоҳои ин водӣ аз 500 то 550 сомонӣ фурухта мешавад.

Дар ҳамин ҳол сокини шаҳраки Навобод Рустами Одил аз ифтитоҳи кони Камароб истиқбол намуда гуфт, ҳамасола сокинони водии Рашт бо назардошти сардиҳои зимистон ва бебарқиҳо маҷбур буданд бо кадом арзише набошад ангишт дастрас намоянд. Ӯ афзуд, кушодани кони Камароб имкон дод, то арзиши ангишт дар бозорҳои водии Рашт поин биёяд.

Ва аммо сармуҳандис Шералӣ Ҳотамов мегӯяд, феълан дар роҳ ба сӯи кон 3 нуқтаи таъмири мошинҳоро бунёд кардаанд, то мушкили пешомада ба зудтарин фурсат рафъ шавад.

Ҳамзамон бо маблағгузории ширкати бритониёӣ як пул болои рӯдхонаи Камароб сохта шуда ва як нерӯгоҳи хурди барқи обӣ бо тавоноии 100 квт/соат дар садади анҷомёбист.

Ба гуфтаи Шералӣ Ҳотамов, ширкати бритониёӣ дар заминаи ин кони ангишт бунёди якчанд корхонаи тавлидотӣ ва ташкили як маркази саёҳиро дар мавзеи хушбоду ҳавои Камароб низ дар назар доштааст.

Ин ҳама дар ҳолест, ки баҳрабардории ангишт дар кони маъруфи Назарайлоқ то ба ба имрӯз оғоз нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG