Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тибқи қарори нави Вазорати маориф, дар соли нави хониш аз омӯзгорони мактабҳо пӯшидани либоси махсус, ки онро вазорат тавсия медиҳад, талаб мешавад.

Ҷалолиддин Амиров, сармутахассиси Раёсати таҳсилоти то мактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф, мегӯяд, баъд аз омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонии таълиму тарбия дар макотиби кишварҳои назири Русия, Британия, Покистон ва амсоли инҳо вазорат тасмим гирифтааст, мувофиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ ва хосияти миллии тоҷикӣ сарулибоси муайянро барои устодон пешниҳод кунад.

Манъи либосҳои ҷилодор ва зебу зиннат


Зарурат дар он аст, ки бархе аз устодон ба дарс бо либоси варзишӣ, аз меъёр зиёд рангоранг, ҷилодору гаронбаҳо ва ё беш аз ҳад пешрафта, монанди тангу кӯтоҳ ширкат карда, бо ин васила бо рафтори хеш ба шогирдон таъсири манфӣ мерасониданд, дар ҳоле ки муаллим барои хонанда бояд ҳамеша намунаи ибрат бошад, меафзояд Ҷалолиддин Амиров.

Либосҳое, ки аз хориҷи кишвар оварда шуда, рангоранганд, пӯшидани он ба омӯзгорон манъ карда шудааст ...
Вай мегӯяд, «омӯзгор бояд барои хонанда намунаи ибрат бошад. Ҳам бо рафтор, ҳам бо гуфтор ва ҳам бо намуди зоҳирӣ. Вақте ки талаба либоси ягона дорад, омӯзгор не, ин чиз ба толибилм бетаъсир нест. Махсусан занони омӯзгор зебу зинатҳои зиёдро ба худ меовезанд ё либоси кӯтоҳ мепӯшанд, ин чиз ба омӯзгор зебанда нест. Либоси миллии якранг тавсия дода мешаванд. Либосҳое ки аз хориҷи кишвар оварда шуда рангоранганд, пӯшидани он ба омӯзгорон манъ карда шудааст».

Вазорати маориф мегӯяд, онҳо тарҳи муайяни либосеро накашида, дар асоси либосҳои мавҷуда шакли оддии холӣ аз ҳар гуна зебу зиннат ва ҷавоҳиротро тавсия медиҳад. Ба ҳамин тартиб, барои омӯзгорон костюми сиёҳ, хокистарӣ ва кабуд, пойафзоли одатан сиёҳ, ихтиёран пӯшидани тоқӣ ва ба устодони калонсол доштани риши пасти ботартиб иҷоза дода мешавад.

Барои муаллимаҳо – 10 намуд либос


Барои муаллимаҳо 10 намуди либос, назири либосҳои аврупоӣ, аммо каме кушод ва бо домани аз зону дароз, куртаҳои миллӣ бо поҷома ё бе поҷома, аммо якранг, оддӣ ва бе сангу мӯҳра, ихтиёран бастани рӯймоли хурд иҷозат дода шудааст. Ҷалолиддин Амиров мегӯяд, ин либосҳо бо назардошти пешниҳодоти омӯзгорон ва шӯъбаҳои маорифи кишвар тасдиқ шудаанд.

Дар таҳияи ин либосҳо Амрикои навро кашф накардаем. Ҳамон либосҳое ҳастанд, ки имрӯз роиҷанд ...
Вай гуфт, «дар таҳияи ин либосҳо Амрикои навро кашф накардем. Ҳамон либосҳое ҳастанд, ки имрӯз роиҷанд. Ҳамон костюмро имрӯз ҳар як омӯзгор мепӯшад. Барои занҳо бошад, ҳамон куртаву доманҳое ҳаст, ки мардум мепӯшанд. Аммо мо як шакли зебо, оддӣ, шинамро пешниҳод кардем, ки омӯзгор бо пӯшидани либос ҳам барои хонанда намунаи ибрат бошад ва ҳама худаш ҳам аз пӯшидани ин либос шарм надорад. Аслан Вазорати маориф ин либосҳоро чун либосҳои тавсиявӣ пешниҳод кардааст, шӯроҳои педагогии мактабҳо дар доираи қарор пӯшидани ин либосро амалӣ мекунад ва баъдан он ҳатмӣ мешавад.»

Вокуниши омӯзгорон

Эълон кардани қарори мазкур оид ба намуди зоҳирии устодон дар миёни намояндагони ин соҳа баҳсу андешаҳои зиёдеро ба бор оварда, тарафдор ва муқобилони худро дорад. Ҷумъахон Муродӣ, устоди мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 8-и пойтахт, ки чунин ба назар мерасид, аз ҳоло қоидаи либсопӯширо риоя мекунад, гуфт, дар пасманзари он, ки устодон аз шогирдон пӯшидани либоси ягонаро талаб мекунанд, доштани либоси муайяни онҳо намунаи ибрат аст.

Вай афзуд, «пӯшидани либос ҳам ҳунар аст, либоспӯшӣ ҳам маданият аст. Дар мактабҳои миёна дар шаҳр малоли хотир нашавад, омӯзгорон чизе мепӯшанд, ки ба номи устод эб нест. Бояд мо либосе пӯшем, ки камоли адаби моро ифода кунад. Бедил гуфтаст, ки:

Эътибори халқ, Бедил, дар либос афтодааст,
Варна хун яксон бувад дар пайкари товусу зоғ».

Ҷумахон Муродов мегӯяд, пӯшидани ҳама намуди либос ҷой ва макони худро дорад аз ин рӯ пӯшидани либосҳои базмию гаронбаҳои устодон қобили қабул нест.

Аммо Шаҳноза, муаллимаи фанни забон ва адабиёти тоҷики яке аз мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе, ки куртаи махмали симдор дошт, мегӯяд, омӯзгорон пойбанди мушкилоти зиндагӣ ба ғайр аз мактаб ҷойи рафтан ҳам надоранд ва ҳамкасбонаш барои рӯйпӯш сохтани камбудии зиндагии хеш ва баланд бардоштани рӯҳияи худ, ба ҷойи кор бо зебу зиннат меоянд.

Вай афзуд, «чи хеле ки дар давлатҳои дигар мебинем, онҳо вақти берун аз кор зиёд доранд ва либосҳои гаронбаҳои худро дар кинотеатру консерт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ мепӯшанд. Дар ин ҷо чӣ? Мо танҳо ба кор меоем. Мактабу хона, тамом».

Мушкилоти зоҳирӣ ва пасипардагии соҳаи маориф

Вазорати маориф мегӯяд, омӯзгорон дар миёни либосҳои тавсияшуда интихоби зиёд доранд. Аммо муаллимаи дигар, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, мегӯяд намуди зоҳирии устод ба раванди таълим бетаъсир буда, зери назорат гирифтани намуди зоҳирии онҳо шарт нест.

Ӯ меафзояд, бе ин ҳам омӯзгорон, ки ғолибан қишри камбизоати ҷомеаро ташкил медиҳанд, либосҳои арзон ва дар доираи одобро ба бар мекунанд. Ба назари мусоҳибам, дар соҳаи маориф мушкилоти сахти зиёде мавҷуд аст, ки дар шароити имрӯз аз намуди зоҳирии омӯзгорон дар мактаб муҳимтар аст.

Омӯзгорон, ки ғолибан қишри камбизоати ҷомеаро ташкил медиҳанд, либосҳои арзон ва дар доираи одобро ба бар мекунанд ...
Вай гуфт, «ба мисли инкубатор, ҳар кас табъи худашро дорад. Ин ҳеҷ самара намедиҳад. Ба таълиму тарбия намуди зоҳирӣ таъсир намекунад. Ҳамон талаба ҳам якрангаро ҳар рӯз бинад, дар дилаш мезанад. Агар ҷорӣ кунанд, ман чунин либосҳи маҷбуриро намепӯшам.»

Равоншиносон мегӯянд, сару либос инъикосгари намуди зоҳирии шахс аст ва баъзан инсон бо ба бар кардани либоси дилхоҳ худро ба зиндагии хуб ва кор омода мекунад. Шаҳноза мегӯяд, барои ӯ пӯшидани либоси дилхоҳ нишони озодист.

Вай афзуд, «агар одам либоси дилхоҳ пӯшад, ин озодӣ аст. Шахс бояд либоси дилхоҳи худашро пӯшад, мувофиқ ба рӯҳияи худаш. Ман се сол шуд дар мактаб кор мекунам. Ба зӯр аз либоси ягонаи донишгоҳу мактаб халос шудем бо ҳоло дар мактаб ҳам ҳамин гап. Баъд мо ҷавонем, ҳоло либосҳои якранга дар мӯд нест.»

Назари шогирдон

Шогирдон низ ба ҷорӣ шудани қоидаи нав барои устодонаш назарҳои мухталиф доранд. Фирӯза, хонандаи синфи даҳи мактаби рақами 52, мегӯяд, ба ӯ озодии намуди зоҳирии устодонаш писанд аст ва мехоҳад онҳо дар интихоби сару либос озод бошанд: «Чи хел ки худашон мехоҳанд, бояд ҳамун либоса пӯшанд.»

Аммо Назрулло, хатмкардаи яке аз мактабҳои ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, мегӯяд, дар бархе аз мактабҳои деҳоти дурдаст омӯзгорон бо либосҳои хонагӣ ва ё либосе, ки дар кори саҳро мепӯшанд, ба дарс меоянд. Аз ин рӯ Назрулло ҷонибдори он аст, ки намуди зоҳирии омӯзгорон ба танзим дароварда шаванд.

Ва мегӯяд, «буданд муаллимоне, ки бо либоси варзишӣ меомаданд. Хуб мебуд, ки онҳо либоси хуб пӯшанд. Шогирд ҳам онҳоро дида, ба намуди зоҳириаш аҳамият медиҳад. Ман мехоҳам, ки онҳо куртаи сафед шими «стрелка» пӯшанд».

Манъи дандони тилло, либоси ҷилодор, ...

Тасмими нави Вазорати маориф дар миёни намояндагони соҳаҳои дигари ҷомеаи Тоҷикистон низ сару садоҳои гуногунро ба бор овард. Ба ақидаи онҳо, маҳдудияти нави вазорат идомаи манъи доштани дандони тило ба устодону дигар масъулини мақомоти кишвар аст, ки дар натиҷа омӯзгорон маҷбур шуданд, дандонҳои тилоияшонро ба дандонҳои садаф ё плостикии сафед иваз кунанд.

Либоси муайян барои омӯзгорон идеяи нолозим ва бефоида аст. Ҳарчанд вазорат мегӯяд, ки ин тавсия асту қарор ё фармон нест, аммо мо хуб медонем, ки чунин тавсияҳо чи гуна дар амал татбиқ мешаванд ...
Дар ҳамин замина Парвина Ҳомидова, ноиби сардабири ҳафтаномаи «Азия Плюс», ки дар ин маврид дар сомонаи «Азия Плюс» изҳори назар кардааст, мегӯяд, бо чунин иқдомҳо Вазорати маориф вонамуд мекунад, ки кори худро ҷиддӣ пеш мебарад.

Вай меафзояд, «либоси муайян барои омӯзгорон идеяи нолозим ва бефоида аст. Ҳарчанд вазорат мегӯяд, ки ин тавсия асту қарор ё фармон нест, мо хуб медонем, ки чунин тавсияҳо чи гуна дар амал татбиқ мешаванд. Агар барои шогирдон пӯшидани либоси ягона онҳоро ба тартибот одат кунонида, нобаробариро аз миён бубарад, аммо барои омӯзгорон ин боиси пайдо шудани мушкилоти нолозими дигар мешавад.»

Ба гуфтаи Парвина Ҳомидова, «соҳаи маорифи кишвар мушкилоти зиёде ҷиддие дорад, ки касе кӯшиши ҳал кардани онро ҳам надорад. Омӯзгорон ва китобҳои дарсӣ намерасанд. Шояд имсол чизе тағйир ёбад, чун раисҷумҳур имсолро соли фанноварӣ ва маориф таъйин кард. Аммо бо дидани чунин қарорҳои вазорат ман ба беҳбуди шубҳа дорам.»

Гуфтанист, феълан ин дастурамал бо қарори Мушовараи вазорат ба тасвиб расида, то охири моҳи сентябр ба шӯрои педагогии мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар пешниҳод хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG