Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти чаҳоргонаи ҳавзаи Хазар дар Оқтау


Шоми имрӯз дар шаҳри Оқтауи Қазоқистон раҳбарони чаҳор кишвари ҳавзаи Дарёи Хазар мулоқоти ғайрирасмӣ баргузор мекунанд. Дар он Русияву Қазоқистон ва Туркманистону Озарбойҷон ширкат мекунанд. Эрон барои ширкат дар ин мулоқот даъват нашудааст. Қабл аз мулоқоти Оқтау Дмитрий Медведев ва Нурсултон Назарбоев- руасои ҷамоҳири Русияву Қазоқистон дар Оренбург бо ҳам мулоқот карданд. Медведев баъд аз мулоқот гуфт, ки Русияву Қазоқистон як ниҳоди муштараки ғайринизомии энержии ҳастаӣ созмон медиҳанд.
XS
SM
MD
LG