Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти мусофирони тоҷик дар Талас


Бино ба иттилоҳои расида, як автобуси ҳомили муҳоҷирини тоҷик дар қаламрави вилояти Таласи Қирғизистон мавриди боздошти кормандони умури интизомӣ қарор гирифтааст.

Нашрияи электронии «Central Asia News» навиштааст, ки баъди мутаваққиф сохтани ин автобус кормандони раёсати назорати роҳи автомобилии вилояти Талас маълум кардаанд, ки 41 шаҳрванди Тоҷикистон ба шаҳри Тюмени Русия равонаанд. Ин манбаъ афзудааст, ки дар миёни мусофирони автобус нӯҳ зан ва ду наврас низ шомил будаанд.

Майрамбек Мирзохонов, сардори раёсати назорати роҳи автомобили вилояти Талас гуфтааст, ки автобус бо саворони он қаламрави Қирғизистонро ба ҳайси кишвари тронзитӣ истифода кардаанд. Ба таъкиди оқои Мирзохонов, мусофирони тоҷик баъди Қирғизистон қаламрави Қазоқистонро низ убур хоҳанд кард, вале онҳо роҳеро интихоб кардаанд, ки тавассути он то марзи Қазоқистон интиқол додани онҳо номумкин аст.

Сардори раёсати назорати роҳи автомобили вилояти Талас тазаккур додааст, ағбае, ки мусофирон мебоист убур кунанд, дар баландии 3 ҳазору панҷсад метр аз сатҳи баҳр воқеъ гаштааст. Ба гуфтаи Майрамбек Мирзохонов, аз тариқи ин ағба тавассути автобус интиқоли мусофирон комилан мамнӯъ мебошад. Вай гуфтааст, аз ин лиҳоз нозирони роҳ мусоидат карданд, ки 41 мусофири тоҷик ба воситаи мошинҳои хурди сабукрав ағбаи Тоо-Ашууро убур намоянд ва вориди вилояти Чуй шаванд.

Ёдовар мешавем, ки мусофирони тоҷик зимни сафари Русия ҳамеша посгоҳи Чордевори вилояти Чуйро убур мекунанд ва вориди марзи Қазоқистон мешаванд. Вале ба гуфтаи мусофирони тоҷик, дар ҳамин ҳол Қазоқистон тартиби убуру мурури марз ва назорати гумрукӣ дар посгоҳи Чордеворро тақвият бахшидааст. Ба ин далел онҳо хостаанд, ки аз тариқи посгоҳи вилояти Талас вориди марзи Қазоқистон шаванд, вале мавриди боздошти нозирони роҳи автомобили ин вилоят қарор гирифтанд.

Бояд гуфт, ки мақомоти раёсати умумии назорати роҳи автомобилии Қирғизистон аз боздошти мусофирони тоҷик дар вилояти Таласи ин кишвар ва интиқоли онҳо аз тариқи вилояти Чуй ба Қазоқистон ибрози бехабарӣ карданд. Ба гуфтаи ин сарчашма, вале равуо аз тариқи қаламрави Қирғизистон шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ягон мушкилот мувоҷеҳ нахоҳад кард.

Коршиносон мегӯянд, роҳи хеле осон ва соддаи равуои шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия қаламрави Ӯзбакистон аст. Гуфта мешавад, вале ба далели низоми раводиди миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон ин роҳ барои мусофирони зиёди тоҷик баста аст.
XS
SM
MD
LG