Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

М.Ҳимматзода: Салафиҳо мухолифи ҳизби мо буданд


Муҳаммадшариф Ҳимматзода, раҳбари маънавии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

Муҳаммадшариф Ҳимматзода, раҳбари маънавии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

Сӯҳбати хабарнигори Озодӣ бо Муҳаммадшариф Ҳимматзода, раҳбари маънавии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон.

Озодӣ: -Устод ҳоло чӣ ҳолу аҳволе доред?

Ҳимматзода: -Ба ҳар ҳол, дар моҳи мубораки Рамазон бо тавфиқи илоҳӣ тавонистем, ки рӯза бигирем. Ин ҳам як неъмат аст. Агарчӣ маризии мо тӯлонӣ шуда, вале, алҳамдуллилоҳ, дар ин муддати беморӣ аз хондану навиштан дур нашудем. Кӯшиш кардем, ки дар ҷараёни ҳаводис бошем. Шояд хонандаҳои мо гумон кунанд, ки мо сиҳҳатии комил дорем, аммо бо вуҷуди беморӣ тавонистем, ки як зарра ҳам бошад ба беморӣ тан надиҳем ва як кореро анҷом диҳем.

ПАҲЛУҲОИ МАНФИИ ИҶРОИ ҚОНУНИ НАВИ ДИН

Озодӣ: -Бубинед, бо вуҷуди мухолифатҳо қонуни нав дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ қабул шуд. Баъд аз қабули он чӣ мушкилотеро амалан мушоҳида мекунед? Яъне, иҷрои ин қонуни нав чӣ мушкилотеро барои диндорон овардааст?

Ҳимматзода: -Ин қонуне, ки таҳия ва қабул шуд, ба назари мо, ба давраи солҳои ҳафтодуми замони Шӯравӣ мутобиқат мекунад. Барои Тоҷикистони соҳибистиқлоле, ки дигар аз афкори коммунистӣ даст кашида, идеологияаш идеологияи миллӣ ва эҳёи анъанаҳо ва суннатҳои гузаштагон аст, қабули чунин қонун созгор ва мувофиқ набуд. Назару фикри худро нисбати бандҳои алоҳидаи ин қонун тавассути матбуот баён кардем.

Он чизе, ки мо нигаронӣ доштем, ҳамон нигарониҳо аллакай татбиқ мешаванд. То ҷое иттилоъ пайдо кардем, баъд аз қабули қонуни нави озодии виҷдон дар бисёр масҷидҳо фишороварӣ болои намозгузорон шурӯъ шудааст. Табиист, ки масҷидҳои шаҳри Душанбе дар рӯзҳои ҷумъа ончунон лабрез ва пур мешавад, ки дигар дар дохили масҷид ҷои намозхонӣ боқӣ намемонад ва мардум маҷбур мешаванд дар беруни саҳни масҷид, дар берун аз девори масҷид ҳам намозро адо кунанд.

Вале баъд аз қабули ин қонун, мутаассифона, бо дастури мақомоти ҳокимияти иҷроия мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рӯзи ҷумъа дар назди масҷидҳо намозгузоронро намегузоранд, ки дар беруни масҷид намози худро бигузоранд.

Ин яке аз падида ва нишонаҳои манфии иҷроиши ҳамин қонун аст, ки ҷойҳои мушаххаси намозгузориро муайян кардааст. Ва инчунин мушкили марбут ба анҷоми маросимҳои динӣ, панду мавъиза ва амри маъруфу наҳйи мункар дар манзилҳои шаҳрвандон, ки ин ҳамаро қонун маҳдуд ва манъ карда буд, мушоҳида мешавад.

Хулоса, дар ин қонун маҳдудкунии ҳуқуқҳои динии шаҳрвандон хеле зиёд аст. Дар як ҷумла боз ҳам хулоса мекунам, ки ин қонун барои Тоҷикистони соҳибистиқлоле, ки дигар аз идеологияи коммунистӣ даст кашида ва идеологияи миллиро барои худ ҳамчун асос қарор додааст, созгор нест.

ЧАРО РАҲБАРИ МАЪНАВӢ?


Озодӣ: -Ба назари Шумо, чаро дар замони раҳбарии худи Шумо ва ҳам раҳбарии устод Нурӣ дар Ҳизби наҳзати исломӣ ниёз ба як раҳбари рӯҳонӣ набуд. Вале чаро имрӯз ҳизб раҳбари рӯҳонӣ ё раҳбари маънавӣ дорад? Ин тасмими ҳизб чӣ заминаҳо дорад: сиёсӣ ё динӣ?

Ҳимматзода:
-Дар ин бора бояд гӯям, ки устод Нурӣ муассис ва раҳбари ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон буд. Пеш аз ин ки ин ҳаракат дар солҳои навад ба ҳизби сисёӣ мубаддал шавад ва фаъолиятҳои сиёсиро оғоз кунад, ба ҳайси як ҳаракати ҷавонони исломӣ аз солҳои ҳафтод фаъолият мекард, ки устод Нурӣ муассис ва раҳбари ин ҳаракат буд. Вақте ки солҳои навад ҳизби мо бахши ҳизби наҳзати Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва мо конфронси минтақаиро баргузор кардем, банда ба ҳайси раиси шӯъбаи ин ҳизб дар Тоҷиикстон интихоб шудам. Баъд соли наваду якум, вақте ки кишвари мо соҳибистиқлол шуд, анҷумани нахустини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баргузор шуд ва дар он ҷо ҳам банда ба ҳайси раиси ҳизб интихоб гардидам.

Агарчӣ ман раиси ҳизб будам, вале роҳбари асосии ин ҳизб устод Нурӣ буд. Ҳеҷ масъалаҳои муҳими ҳизби сиёсӣ бе машварату бе иштироки ӯ ҳал намешуд. Бинобар ин, устод Нурӣ ҳамчун муассис ва роҳбари ин ҳаракат бо мо буд, ҳарчанд дар зоҳир раис ё раҳбар набуд.

Баъд аз воқеаҳои солҳои навадум, вақте ки ҳиҷрат шуд, дар хориҷ як ҳаракати наҳзат таъсис гардид. Дигар устод Нурӣ бевосита роҳбари ҳаракат ва ҳам роҳбари иттиҳоди мухолифин буд. Вақте соли 1999, баъд аз бозгаштан, ҳизби мо боз анҷумани дуввуми худро баргузор кард ва мо бо пешниҳоди дӯстон хоҳиш кардем, ки худи устод ҳам роҳбари сисёӣ ва ҳам маънавӣ бошад.
Баъд аз даргузашти устод Нурӣ бародар Муҳиддин Кабириро дар анҷуман ба ҳайси роҳбар интихоб кардем. Бо вуҷуди ин ки Муҳиддин Кабирӣ як шахсияти сиёсӣ асту ва ҳам дорои маълумоти комил дар бораи масоили фиқҳӣ мебошад, пешниҳод шуд, ки дар чунин шароит аз муассисин ва собиқин ва ҳамқадами устоди Нурӣ, ки банда аз ҷумлаи онҳостам, барои ҳалли баъзе аз мушкилот ба ҳайси роҳбари маънавии ҳизб бошам. Ҳадафҳои дигаре дар ин масъала вуҷуд надорад.

“САЛАФИҲО МУХОЛИФИ ҲИЗБИ НАҲЗАТ БУДАНД”


Озодӣ: -Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба унвони як нерӯи сиёсӣ дар кишвар амал мекунад, ки ҳадафаш ҳам ҳифзи ормонҳои исломист. Аммо, фикр мекунед, чаро дар канори ин ҳизб гурӯҳҳои дигар, ба мисли “Салафия” ва “Ҷамоаи Таблиғ” пайдо шуданд? Ин заъфи Шумо буд, ки натавонистед онҳоро дар дохили худ ба ҳам оред, яъне бо аъзои худ пайванд диҳед?

Ҳимматзода: -Шомил шудан ба ҳизбҳои сиёсӣ бо майлу хоҳишу ихтиёри ҳар шахс аст. Ба ҷуз аз салафиҳову пайравони Ҷамоаи Таблиғ дар Тоҷикистон мусулмонони зиёд, рӯҳониёни суннатии эшонҳо ва ҳам домуллоҳои бисёре ҳастанд, ки бо ҳизби мо натанҳо напайвастаанд, балки мухолифати шадид доранд.

Аслан, салафия дар Тоҷикистон солҳои баъд пайдо шуд. Вале Ҷамои Таблиғ як созмони ғайрисиёсӣ аст. Дар замони Шӯравӣ, ки ниҳоят эҳтиёткорӣ доштанд нисбати дин, пайравони Ҷамои Таблиғ омада, дар саросари Шӯравӣ мегаштанд. Онҳо танҳо ба маърифати динӣ, ба намозу ақида даъват мекарданд. Онҳо ягон аҳдофи сиёсӣ надоштанд ва имрӯз ҳам надоранд. Онҳо дар ҳамаи рӯйи дунё озодона фаъолият мекунанд.

Намедонам, дар кишвари мо Ҷамои Таблиғро ба кадом мақсад мамнӯъ карданд ва дар радифи созмонҳои иртиҷоӣ гузоштанд, вале ин саҳеҳ нест. Чунки Ҷамои Таблиғ ҳеҷ гуна максади сиёсии расидан ба қудрат ва таблиғот зидди низомҳои ҳокимро надорад. Ин ҷамоа танҳо ҳадафҳои эътиқодӣ ва мазҳабиро дорад.

Аммо ҷамои Салафия, ки дар Тоҷикистон тавассути баъзе афроде, ки дар хориҷ таҳсил мекарданд пайдо шуд, ин ҷамоа ҳам ҳадафҳои сиёсӣ надошт. Вале бо ҳизби мо мухолифати шадид дошт. Онҳо аз рӯзи пайдоишашон ошкоро эълом карданд, ки дар дини ислом ҳизб нест. Ва дар ҳар минтақае, ки нуфуз доштанд, алайҳи ҳизби наҳзати исломӣ таблиғ мебурданд. Онҳо бештар низомҳои ҳокимро ҷонибдор буданд. Яъне ба шакли оппозитсион алайҳи низомҳои ҳоким баромаданро ҷоиз намедонистанд.

Тундравии онҳо дар масоили эътиқодӣ буд. Дар масоили эътиқодӣ онҳо хеле мардумро ба ширку бутпарастиву қабрпарастиву эътиқоди ширкгароӣ муттаҳам мекарданд. Дар ақида мавқеи хеле ифротгаронёна доштанд. Дар ҳар нуқтаи дунё, ин ҷараён дар масоили мазҳабӣ бо мардуми бумии минтақаҳо, бо мазҳаби маъмулии ҳар минтақа мухолифати шадид мекарданд.

Дар масоили сиёсӣ комилан бо ҳизби наҳзат онҳо мухолиф буданд. Яъне гуфтанӣ ҳастам, ки напайвастани ин гурӯҳҳо ба ҳизби наҳзат ба хотири он аст, ки онҳо мухолифи сиёсат, мухолифи фаъолиятҳои сиёсӣ ва ҳизби сиёсӣ буданд.

ҲИЗБИ ИСЛОМӢ Ё ҲИЗБИ СИЁСӢ?

Озодӣ: - Огоҳ ҳастем, ки дар як сӯҳбататон дар солҳои навадум гуфта будаед, ки Ҳизби наҳзати исломӣ барои узвият танҳо пайравони аҳли суннат ва ҷамоатро мепазирад. Аммо ҳоло мебинем, ки теъдоди аъзои ҳизби шумо аз ҳисоби пайравони шохаи исмоилияи мазҳаби аҳли ташшаюъ дар Тоҷикистон кам нестанд. Қабули онҳо ба узвияти ҳизби наҳзат ин тасмими маҷбурӣ буд ё ба он ҷанги шаҳрвандӣ сабаб шуд?

Ҳимматзода: - Ин сӯҳбати мо набуд дар солҳои навадум. Балки дар оинномаи ҳизби наҳзат дар солҳи наваду якум ҳамин меъёр буд, яъне танҳо пайравони аҳли суннат ва ҷамоат шомили ин ҳизб шуда метавонанд. Табиист, ки ҳар чиз давраҳои таҳаввулоту инкишоф дорад. Ҳизби мо ҳам дар аввали таъсисаш ҳамин гуна маҳдудиятҳоро дошт. Аммо имрӯз ба ҳайси як ҳизби сиёсӣ бештар ҷанбаи сиёсиаш қавитар шудааст, ҳарчанд ҷанбаи динияш ба ҷои худ боқист. Валекин он баъзе маҳдудиятҳое, ки дар солҳои навадум дошт, он маҳдудиятҳо бартараф шудаанд.

Ҳарчанд имрӯз маҳдудиятҳо вуҷуд надоранд, вале барои узв, барои пайрави ҳизб шудан боз як меъёри дигар ҳам ҳаст, ки бояд равишу сулуки ҳар як аъзои ҳизб бо меъёрҳои дини ислом мухолифат надошта бошад. Фарз кардем, як нафар шаробнӯш аъзои ҳизби мо бошад, ин имкон надорад. Агарчӣ аз рӯйи мазҳаб пайрави дигар мазҳаб ҳам бошад, валекин арзишҳои диниро бояд риоя кунад ва коре накунад, ки мухолифи равиши исломӣ ва динӣ бошад.

РӮҲОНИЁНИ ДАРБОРӢ


Озодӣ: -Бисёриҳо ба ин назаранд, ки мақомоти расмӣ бо рӯҳониён ё домуллоҳои мо дугона бархӯрд мекунанд. Яъне, агар баъзеи онҳо пуштибонӣ кунад, баъзеҳои дигар ҳанӯз дар зеҳни онҳо омилҳои хатарборанд. Иллат дар чист? Чаро ҳамкории ҳукумат бо домуллоҳои мо мушоҳида намешавад?

Ҳимматзода: - Тақрибан дар тамоми дунё ҳамингуна аст. Як гурӯҳ рӯҳониён ё пешвоҳои динӣ, ки дарборӣ ҳастанд ва ҳамаи корҳои низоми ҳокимро таъйид мекунанд, ҷонибдорӣ мекунад ва аз онҳо пуштибонӣ мекунад. Ва ҳар рӯҳонӣ ва ҳар тоифаи дигари домуллоҳо, ки нуқсони ҷомеаро, низомро мавриди интиқод қарор диҳанд, бахусус, дар бархӯрд нисбати сатри духтарон, нисбати масҷидҳо, нисбати қонуни озодии виҷдон мухолифат кунанд, низомҳо онҳоро бад мебинанд. Барои худ мухолиф меҳисобанд.

Бинобар ин, дар ҳама дарву замон ва дар ҳамаи низомҳои ҳоким вуҷуд дорад, ки баъзе рӯҳониён низомҳои ҳокимро таъйид мекунанд. На танҳо мухолифат намекунанд, балки нуқсони онҳоро саҳеҳу дуруст ҷилва медиҳанд дар назари диндорҳо. Хуб, онҳо барои низомдорон даркор ҳастанд.

ЗАЪФИ ДОМУЛЛОҲОИ СУННАТӢ

Озодӣ: -Ҳоло ки гуфтем ҷараёнҳои тозапайдо ба миён омадаанд ва то андозае фазои мазҳабиро халалдор мекунанд, гирди ҳам омадани муллоҳои суннатии мо оё ба мақсад аст? Яъне ба ин маънӣ, ки оё муллоҳои мо метавонанд дар якҷоягӣ бо далелу бурҳон алайҳи онҳо баромад кунанд?

Ҳимматзода: - Равияҳои тозапайдо агар бо домуллоҳои суннатии мо ва рӯҳониёни суннатии мо дар ҷое масъалаи диниро баҳс кунанд, аз рӯйи ҳуҷҷату бурҳон ин ҷавонҳои навбаромад, ки таҳсилоти хуби динӣ доранд, пирӯз меоянд. Домуллоҳои суннатии мо ҳоло ҳам ташвиқ мекунанд, ки мардум берун аз доираи ибтидоии динӣ зиёд таҳсил накунанд, хуб, дар як мақоми буда пойкубӣ карда шиштаанд. Аз ин рӯ, ҷавонони таҳсилдида аз рӯйи ҳуҷҷату бурҳон бар онҳо дастболо ҳастанд дар ҳама масоили ихтилофӣ.

Лекин низомҳои ҳоким болои онҳо фишор оварданд, на ин ки онҳо дар баробари далелу ҳуҷҷату бурҳони домуллоҳои мо мағлуб шуда бошанд. Баръакс, фишори ҳуқуқӣ болои онҳо хеле зиёд шуд. Хуб, агар инҳо дар як марҳилае ҳам пинҳон шуда бошанд, рӯзе боз сар мебардоранд. Барои ҳамин гуфтанӣ ҳастам, ки бисёр рӯҳониёни мо аз нигоҳи дониши мукаммали динӣ ақибмондаанд. Ва бо ин гурӯҳҳои тозапайдо вориди баҳс шуда наметавонанд.

“НАҲЗАТИҲО ФАТВО НАМЕДИҲАНД”

Озодӣ: -Баъзе ихтилофи назарҳо дар мавриди додани фатвоҳо ё баъзе масоили динӣ миёни Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва Шӯрои уламои Ҳизби наҳзат дида мешавад. Оё уламоҳои ҳизби Шумо ҳаққи додани фатворо доранд?

Ҳимматзода: - Шӯрои уламое, ки дар назди ҳизби наҳзат фаъолият мекунад, он мақоме нест, ки барои фатво додан таъсис шудааст. Ин як мақоме ҳаст дар назди ҳизб, ки аз донишмандони улуми динӣ ва фиқҳ ҷамъ шудаанд то дар ҳар масоиле, ки дар ҳизб пайдо мешавад нуқтаи назарашона барои аъзо ва пайравонашон баён кунанд. Ин шӯро ҳеҷ гуна фатво ҳам содир намекунад.

Он чи дар масъалаи тақвими моҳи шарифи Рамазон ихтилофи назар вуҷуд дорад, ин масъалаи фатво нест. Ин масълаи фиқҳӣ нест, ки байни ду назар ихтилоф воқеъ шуда бошад. Дар маркази исломӣ мақоми фатво фаъолият мекунад, аммо дар ҳизби наҳзати исломӣ шӯрои уламо барои додани фатво таъсис нашудааст.

“МАҲДУДИЯТҲО ЗИЁД ШУДААНД”

Озодӣ: -Дар маҷмӯъ фазои мазҳабиро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Оё созгор аст барои адои маросимҳои динӣ, ё хайр?

Ҳимматзода: - Ҳарчанд фишор дида мешавад, аммо ин масирро ҳеҷ кас тағйир дода наметавонад. Ҳарчанд мехоҳанд, ки ҷавонону навҷавонон ва талабаҳо ба масҷид нараванд, пеши роҳи онҳоро гирифта намешаванд. Ба фикри ман, беҳтар аст, назар ба ин ки ба дуздию амалҳои бад навҷавонони мо даст зананд, ба масҷид бираванд. Чунки масҷид ҷои тарбияву ахлоқ аст, на ҷои фосидкуниву вайронкунии ахлоқ.

Намедонам, ин чӣ сиёсат аст ва чӣ мақсадеро инҳо пайгирӣ мекунанд, аз ин ки мехоҳанд пеши роҳи диндоршавии мардумро бигиранд. Дар ҷомеа ҳар қадаре, ки диндоршавии мардум, эътиқоди мардум ба Худо ва рӯзи қиёмат бештар мешавад, ин ба салоҳи ҷомеа аст.

Баъд аз қабули қонуни нави озодии виҷдон маҳдудиятҳо ба назар мерасад, зиёд шудаанд. Аз ҳамин нуқтаи назар мо нороҳатии худро баён кардем ва мегӯем, ки қонун қонуни хуб набуда. Ба ҳар ҳол, аз як тараф мехоҳанд, ки фарҳангу суннатҳои миллиро эҳё кунем ва аз тарафи дигар пеши роҳи онро бо василаҳои дигар мегирем. Ин ду чизи бо ҳам мутаззод аст.

АБӮҲАНИФАШИНОСҲО

Озодӣ:
-Устод имрӯз аксарият талош мекунанд, ки дар бораи Имом Абӯҳанифа матлабе нависанд, нашр кунанд. Аммо то ин талошҳои эшон Шумо чандин китоб навишта будед. Оё қарор аст, ки китоби шуморо ҳам нашр дар соли бузургдошти Имоми Аъзам нашр кунанд ё аз Шумо ҳам маслиҳату машварате пурсидаанд?

Ҳимматзода: -Имрӯз, ки дар сатҳи сиёсӣ ва хосса аз тарафи мақоми аввали кишвар соли бузургдошти Имом Аъзам пешниҳод шудааст, Абӯҳанифашиносҳо ҳам зиёд шудаанд. Вале он чи ки мо дар чанд соли пеш таълиф карда навишта будем, аз он истифода мекунанд ё намекуннад, чизе намедонам. Шояд бикунанд. Зеро ҳар нафаре ҳам, ки мухолиф бошаду китоб навиштааст, бояд аз он истифода шавад, зикр шавад. Лекин дар мо як меъёр аст, ки бубин кӣ мегӯяд, на ин ки чӣ мегӯяд...

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG