Пайвандҳои дастрасӣ

Сафорати Афғонистон дар Душанбе солрӯзи шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи Эътилофи Шимоли Афғонистон, ёдоварӣ кард.

Масъулони Сафорати Афғонистон дар Душанбе ҳадаф аз баргузории расми ёдбуди шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд, сарлашкари фақиди афғонистонӣ дар Тоҷикистонро гиромидошти хотираи шахсе унвон карданд, ки умре барои озодии меҳан ва истиқлоли воқеии мардуми кишвари худ мубориза бурдааст.

Ҷалолиддини Маҳмуд, аз чеҳраҳои саршиноси Иттиҳоди мухолифони пешини давлати Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки Аҳмадшоҳ Масъуд на танҳо бо ҷасорату мардонагӣ ва таҳамтанӣ дар Тоҷикистон машҳур аст, балки сулҳи тоҷикон низ ба номи ин абармарди роҳи озодӣ ва истиқлол марбут аст.

Шаҳид Масъуд аз нахустин нафаронест, ки хостори сулҳ миёни тоҷикон шуда, ду ҷониби даргирро барои аввалин бор дар соли 1994 дар Хусдеҳи Афғонистон сари мизи музокирот даъват кард ва ба ин васила заминаи истиқрори сулҳи тоҷиконро фароҳам намуд ...
Вай гуфт, шаҳид Масъуд аз нахустин нафаронест, ки дар баробари Бурҳониддин Раббонӣ, раисҷумҳури собиқи Афғонистон, хостори сулҳ миёни тоҷикон шуда, ду ҷониби даргирро аввалин бор дар соли 1994 дар Хусдеҳи Афғонистон сари мизи музокирот даъват намуда, ба ин васила заминаи созиши тоҷиконро дар соли 1997, ки миёни мухолифин ва ҳукумат дар Маскав ба имзо расид, фароҳам кард.

Қосими Бегмуҳаммад, коршиноси масоили амниятӣ, дар ҳоле, ки шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъудро барои тоҷикони Афғонистон ва Тоҷикистон фоҷеаи бузург медонад, мегӯяд, «имрӯз ҷойгоҳи Аҳмадшоҳи Масъуд дар сартосари Афғонистон ва дар Тоҷикистон холист. Мутаассифона, чунин шахсияте, ки тавонад аз тоҷикон дифоъ кунад вуҷуд надорад ва гумон аст, ки дар садсолаҳои баъдӣ фарде ҷойгузини ӯ шавад».

Аммо изҳори таассуфи Қосимшоҳи Искандар, раиси Маркази мутолеоти низоъҳои мантақаӣ дар Тоҷикистон, аз он аст, ки пас аз сари Аҳмадшоҳи Масъуд афроди наздик ба ӯ ва дар маҷмӯъ тоҷикон дар Афғонистон пароканда шуданд. Вай мегӯяд, «Аҳмадшоҳи Масъуд як шахсияти меҳварӣ буд, аммо баъд аз сари ӯ парокандагиҳои зиёде дар миёни атрофиёнаш ба вуҷуд омад. Ҳатто ҳизби Бурҳониддини Раббонӣ аз ҳам ҷудо шуд, тафриқа ва мухолифатҳое ба вуҷуд омад, ки баёнгари набуди Масъуд аст».

Марҳум Аҳмадшоҳи Масъуд дар Афғонистон қаҳрамони миллӣ эълон шудааст
Ин дар ҳолест, ки акнун Муҳаммадқасими Фаҳим ва Абдуллоҳи Абдуллоҳ, ду тан аз ёрони наздики Масъуд дар мавзеъ ва сангарҳои мукобили ҳам қарор гирифтаанд. Таҳаввулоти сиёсии Афғонистон, ба хусус интихоботи ахири раёсати ҷумҳурӣ, низ далели он аст, ки доктор Абдуллоҳ дар талоши боло бурдани ҷойгоҳи тоҷикон дар Афғонистон аст, аммо чунин ба назар мерасад, ки маҳз парокандагии нерӯҳои собиқ Эътилофи шимоли Афғонистон ва набуди нерӯи қавӣ, дар симои Аҳмадшоҳи Масъуд монеае дар амалӣ шудани ин ҳадаф аст.

Зеро Аҳмадшоҳи Масъуд, аз сипаҳсолороне буд, ки тавонист, бо иродати қавӣ ва ҳушёрии сиёсӣ ва низомӣ Иттиҳоди абарқудрати Шӯравиро шикаст бидиҳад. Истодагии ӯ дар муқобили гурӯҳи Толибон дар миёнаҳои даҳаи 1990, ки муваффақ ба тасарруфи бештари манотиқи Афғонистон, ба хусус Кобул шуда буд, мавриди эътирофи бештари доираҳои сиёсӣ ва низомӣ шуда буд. Зеро вай аз тариқи таъсиси Эътилофи Шимол дар Панҷшери Афғонистон зарбаҳои сангинеро ба ин гурӯҳ ворид карда буд.

Аммо 9 сентябри соли 2001 ду рӯз қабл аз ҳодисаи 11-уми сентябр, ки оғозе дар муборизаи байнулмилали зидди терроризм унвон мешавад, Ахмадшоҳи Масъуд дар суиқасде ҳадафманд тавассути ду тан дар либоси хабарнигорони хориҷӣ ба қатл расид, ки гуфта мешавад дар миёни ин ду ҳодиса шояд иртиботе вуҷуд дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG