Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоманaӣ ба мухолифони низоми Эрон ҳушдор дод


Оятуллоҳ Хоманaӣ-раҳбари рӯҳонии Эрон имрӯз дар намози ҷумъа гуфт, ҳар касе, ки бар зидди ҷумҳурии исломӣ мубориза мекунад, ба "посухи қотеъ" рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин маврид зоҳиран ба тазоҳуркунандагони эътирозӣ ҳушдор медод, ки баъд аз интихоботи зиддунақизи раёсати ҷумҳурии Эрон ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд. Вай гуфт, "ханҷар кашидан бар зидди низоми исломӣ оқибати ҷиддӣ хоҳад дошт". Вале вай илова кард, ки интиқоду ихтилоф миёни мақомоти расмӣ қобили қабул аст. Дар ин суханронӣ Маҳмуди Аҳмадинaжод-раиси ҷумҳур ва соири рӯҳониюни Эрон ҳузур доштанд.
XS
SM
MD
LG