Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзҳои истироҳат - бозиҳои лигаи олии футболи Тоҷикистон


Рӯзҳои истироҳат бозиҳои даври 11-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор мешаванд.

12-уми сентябр дастаҳои мизбон - ССКА «Помир»-и Душанбе бо «Хуҷанд»-и Хуҷанд, «Гвардия»-и Душанбе бо «Энергетик»-и Душанбе ва «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо «Вахш»-и Қӯрғонтеппа қувваозмоӣ мекунанд.

Бозии охирини даври навбатӣ дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода байни дастаи мизбон - «Регар» ТадАЗ ва «Истиқлол»-и Душанбе доир мешавад.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқот дастаҳои «Хуҷанд» ва «Вахш» пешсафанд. Ҳарду 25-имтиёзӣ ба даст овардаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо «Хуҷанд» дар ҷои аввал ва «Вахш» дар ҷои дуввум қарор доранд.

Муддаъиёни дигари унвони қаҳрамонӣ - «Регар» ТадАЗ ва «Истиқлол» бошанд, бо 20-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои севуму чаҳорум ҷойгир шудаанд.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 12-уми сентябр

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Хуҷанд»

10

8

1

1

23-7

25

2.

«Вахш»

10

8

1

1

19-8

25

3.

«Регар» ТадАЗ

10

6

2

2

18-9

20

4.

«Истиқлол»

10

6

2

2

20-13

20

5.

«Энергетик»

10

4

1

5

25-17

13

6.

«Парвоз»

10

3

4

3

12-11

13

7.

«Равшан»

10

3

2

5

17-18

11

8.

«Спитамен»

10

1

3

6

9-20

6

9.

«Гвардия»

10

1

2

7

5-32

5

10.

CСKA «Помир»

10

0

2

8

7-23

2



Беҳтарин голзанҳо: Нӯъмонҷон Ҳакимов («Вахш») – 9-гол, Сӯҳроб Ҳамидов («Энергетик») – 8 гол, Пирмурод Бурҳонов («Хуҷанд») – 7 гол, Хуршед Маҳмудов («Регар» ТадАЗ), Баҳодур Шарифов («Хуҷанд») ва Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 6-голӣ.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG