Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Ҷонҳои мурда»-и бонкӣ


Раёсати оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Бадахшон нисбати Ислом Назаров, собиқ нозири калони қарзии «Аввалин бонки молиявии хурд» дар ноҳияи Ванҷ, бо ҷурми исрофкорӣ ва азхудкунии маблағ парвандаи ҷинои боз намудааст.

Ба гуфтаи муфаттиши калони раёсати оҷонси Азамат Наврӯзқулов, собиқ нозири калони қарзи ба азхудкунии 930 ҳазор сомонӣ муттаҳам мешавад.

Тафтишот ошкор сохтаааст, ки тайи зиёда аз ду соли фаъолият нозири калони қарзӣ бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба номи 22 нафар сокинони ноҳия аз маблағи қарзии бонкӣ ба нафъи хеш сӯйистифода кардааст. Дар бархе аз маворид шаҳрвандон маблағҳои қарзиро дарёфт намуда, бо анҷоми фаъолиятҳои тиҷоратӣ ба нозири калони қарзӣ баргардон кардаанд, аммо нозири калон ба ҷойи касса онҳоро ба киса задааст.

Тибқи иттилои тафтишот, нозири калон бо маблағи азхудкардашуда дар маркази ҷумҳурӣ манзили истиқоматӣ харидааст ва соҳиби васоити нақлиётӣ ва иншоотҳои аҳамияти маишӣ дар ноҳия гардидааст, аммо гуфта мешавад, ки арзиши куллияи дороиаш аз 100 ҳазор доллар беш набудааст.

Ҳадафи «Аввалин бонки молиявии хурд» тавассути хизматрасонии молияви мусоидат кардан ба коҳиши сатҳи камбизоати ва рушди тиҷорат арзёби шуда, соли гузашта ин бонк ба соҳибкорони хурду миёна ба маблағи 33 миллион сомонӣ қарз додааст, ки он қариб ба 50 дарсади ҳаҷми куллияи қарзҳои бонкии минтақа ба соҳибкорон баробар будааст. Қарзи бонкӣ вобаста ба намудҳои хизматрасонӣ аз 2 то 2,9 фоизро ташкил додааст.

Аввалин бонки молиявии хурд дар Хоруғ бо дархости мақомот ва мардум ба хотири дастрасии осонтар ба хизматрасони фаъолияташро дар навоҳии вилоят густариш додааст. Ба гуфтаи коршинос Хушомади Алидлод, аммо маҳз дар навоҳӣ зуҳур намудани ҳодисаҳои исрофкорӣ гирифтани қарзро барои шаҳрандон дар маҳаллоти дурдаст мушкилтар кардааст.

Ба гуфтаи коршиносон, аммо дар дигар бонкҳои тиҷоратии минтақа низ истифодаи таҷоруби «ҷонҳои мурда»-Гогол дар мавриди азхудкунии маблағҳои қарзи ҷой доштаанд. Як сокинини ноҳияи Шуғнон муваффақ шудааст, ки бо ҳуҷҷатҳои сохта қарз гирифта ба Русия ба мардикорӣ равад ва дигар аз худ дарак надиҳад, аммо бонк бинобар тақаллуби будани ҳуҷаттҳои гарав дар мусодираи моли қарзгиранда оҷиз мондааст.

Дар ҳамин ҳол дар сурати ҷуброн нашудани зарар ба гуфтаи мақомоти тафтишоти ба собиқ нозири калони қарзии аввалин бонки молиявии хурд Ислом Назаров ба муддати аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG