Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози қабули ҳуҷҷатҳо барои ҳаҷи имсола


Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз 10 сентябри соли ҷорӣ қабули ҳуҷҷатҳо барои мавсими ҳаҷи соли 2009-ро шурӯъ кардааст. Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанг, бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар мавриди сафари ҳоҷиёни кишвар бо хатсайри Душанбе-Ҷидда-Душанбе ва Хуҷанд-Ҷидда-Хуҷанд мувофиқа ҳосил шудааст. Маблағи умумии сафари ҳаҷи имсола барои ҳар як ҳоҷӣ 3342 доллар муайян гардидааст, ки он иборат аз пардохти нархи чиптаи ҳавопаймо, хўрока, меҳмонхонаҳо ва хизматрасонӣ дар шаҳрҳои Макка ва Мадина мебошад.
XS
SM
MD
LG