Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи кор барои зиндониён


Додситонии нозири иҷроиши қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии Хатлон ва маҳбусини муассисаҳои ислоҳӣ-меҳнатии минтақа аз мақомоти ҳукумат хостори таъсиси коргоҳҳои истеҳсолӣ ва таъмини шуғли бомузд барои зиндониён шудаанд.

Ба гуфтаи Ҳабибуло Азимов, корманди масъули додситонии нозири иҷроиши қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии Хатлон, дар ҳоли ҳозир танҳо ҳудуди даҳ дарсад аз шумораи умумии маҳбусон бо шуғл таъмин ҳастанд, аммо аксари кулли онҳо бекор мебошанд, ҳарчанд дар муассисаҳои ислоҳи меҳнатӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

Аз таҷрибаи ба кор ҷалб кардани маҳбусони зиндонҳо дар тамоми кишварҳои ҷаҳон фаровон истифода мекунанд ва бо ин роҳ дар беҳсозии шароити нигаҳдорӣ ва таъминоти маҳбусон мусоидат мекунанд. Аммо, ба гуфтаи оқои Азимов, ба сабаби надоштани даромад, кулли хароҷоти муассисаҳои ислоҳӣ ва маҳбусон бар дӯши давлат аст ва аз ин ҳисоб аз буҷаи давлат ҳамасола милионҳо сомонӣ масраф мешавад.

Гузашта аз ин, айни ҳол, дар муассисаҳои ислоҳӣ меҳнатии Хатлон шумори афзуни маҳбусоне нигаҳдорӣ мешаванд, ки бояд хисороти молии ба давлат ва шаҳрвандон расонидаи худро ҷуброн намоянд. Ҳамин гуна, танҳо 28 маҳбуси чунин муассисаҳо бо ҳукми додгоҳ бояд қариб се миллион сомонӣ зиёни молии расонидаашонро ҷуброн кунанд. Агар ин маҳбусон дар муассисаҳои ислоҳӣ бо кор таъмин мешуданд, метавонистанд, қисман маблағи хисорот ё қарзашонро бозпас гардонанд.

Додситон Азимов мегӯяд, масъулони ҳукуматҳоро лозим аст, барои таъсиси коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ, ки дар он зиндониҳо фаъолият намоянд, шароит фароҳам оварад. Аммо ба гуфтаи ӯ, ҳукуматҳое, ки дар қаламрави он маҳал муассисаҳои ислоҳӣ ҳастанд, вуҷуди чунин мушкилотро нодида мегиранд:

«Масалан, ба дархостҳои чандинкаратаи маъмурияти муассисаи ислоҳии мустақар дар Қӯрғонтеппа дар бораи иҷозаи ҳукумати маҳаллӣ барои сохтмони сехҳои махсуси гаҳворатарошӣ, оҳангарӣ, чӯбтарошӣ ва мисли ин то ба ҳол раиси шаҳр ҳеҷ посухе надодааст. Ҳол он ки ҳама корҳои ташкилӣ, мисли сохтмони бинои сехҳо ва мисли инро худи маҳбусон хоҳанд кард ва зарурат ба ихтисоси ҳеҷ маблағе аз сӯйи ҳукумат нест…»

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи коршиносон, масъалаи таъмини маҳбусон бо шуғл танҳо дар зиндони занонаи Норак ба таври нисбӣ роҳҳал пайдо кардааст. Рокия Абдуллоева, хабарнигоре, ки дар масоили занони маҳбус силсилаи гузоришу таҳқиқотҳо анҷом додааст, мегӯяд, ҳарчанд мутмаин нест, ки ҳуқуқи занони маҳбус ба меҳнат ва дарёфти ҳақмузд пурра риоят мешавад, аммо дар ҳудуди зиндони Норак сехҳои дӯзандагӣ ва ҳамчунин хоҷагии ёрирасон мавҷуданд, ки зиндониён дар он фаъолият мекунанд:

«Занони зиндонӣ дар Норак дӯзандагӣ мекунанд, ҳамчунин дар замин кор карда, пиёз, картошка ва дигар сабзиҷотро парвариш мекунанд, ки барои ғизои худашон истифода мешавад. Албатта, ман аниқ намедонам, ки оё онҳо барои корашон маош мегиранд ё не, аммо маъмурияти зиндон мегӯяд, ки ҳақмузди онҳо барои пардохти ҷарима ё қарзашон бар суди давлат равона мешавад…»

Ба гуфтаи хонум Абдуллоева, дар зиндони занонаи Норак ҳамчунин бо кӯмаки молии соҳибкорони чиноӣ корхонаи хурди истеҳсоли хишт бунёд шудааст, ки маҳбусони ин муассиса дар он кор мекунанд.

Гуфта мешавад, дар миёни маҳбусон афроди ҳунарманд, мисли оҳангару чӯбтарош, хайёту бинокор зиёданд ва аз паси панҷараи зиндон ҳам метавонанд ба ҷомеа нафърасон бошанд ва албатта, бо дарёфти ҳақмузд ба хонаводаҳои худ ҳам кӯмак расонанд.

Айни ҳол дар вилояти Хатлон чаҳор муассисаи ислоҳӣ дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Ёвон, ноҳияи Ҷилликӯл ва зиндони занона дар шаҳри Норак мавҷуд буда, дар он беш аз 2000 нафар маҳбусон нигаҳдорӣ мешаванд.
XS
SM
MD
LG