Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Молдова истеъфо дод


Имрӯз президент Владимир Воронин-раҳбари коммунисти Молдова истеъфои худро эълон кард. Воронин, ки аз соли 2001 дар сари қудрат буд, дар эъломияе гуфтааст, ки вай аз мақомаш меравад ва раёсатро бо "қалби реш" ба мухолифони ғарбгарояш мегузорад. Дар интихоботи такрории моҳи июл эътилофи чаҳор ҳизби ғарбгаро аксари курсиҳоро дар порламон ба даст оварданд. Ин интихобот 5-ӯми апрел баргузор шуда буд, вале ба дунболи он нооромӣ сар зад ва мухолифон режими коммунистиро муттаҳам карданд, ки дар натиҷаҳои интихобот ба тақаллуб даст задаанд. Мухолифон он вақт тақозо карданд, ки Воронин бояд ба истеъфо равад.
XS
SM
MD
LG