Пайвандҳои дастрасӣ

Ду нафари низомӣ аз воҳиди ҳарбии марбут ба пойгоҳи 201-уми Русия, мустақар дар шаҳри Қӯрғонтеппа, дар қатли собиқ афсари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муттаҳам дониста мешаванд.

Дмитрий Кучмани 20-сола ва Вячеслав Чернови 22-сола, шаҳрвандони Федератсияи Русия, ки дар қисми ҳарбии № 28804-и пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Қӯрғонтеппа тибқи қарордод хидмат мекардаанд, ба гуфтаи мақомоти милиса, Амир Муродови 37-соларо бидуни кадом як қасду ғарази шахсӣ бо зарби чандинкаратаи корд ба ҳалокат расонидаанд.

Оламбӣ Қодирова, сухангӯи раёсати умури дохилаи вилояти Хатлон, бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, дар чанд рӯзи қабл дар деҳаи Сумбулаи ҷамоати Қизил-Қалъаи ноҳияи Хуросон, дар соҳили дарёи Вахш сабукрави собиқ капитани милиса Амир Муродов пайдо шуда, андаруни он ҷасади оғуштаи хуни вай пайдо гардидааст.

Хонум Қодирова дар мавриди сабаби сар задани ҳодисаи мазкур гуфт, «яке аз ин ду хизматчии ҳарбии пойгоҳи 201-уми Русия гӯё дар гузашта ба кадом як ронандаи такси пул дода, аммо фиреб хӯрдааст. Аз ин рӯ, бо низомии дигар маслиҳат карда, хостаанд аз таксистҳо интиқом бигиранд. Мегӯянд, ки якум таксистеро, ки мебинанд, хоҳанд кушт. Ва ин якум ронандаи таксӣ Амир Муродов, собиқ капитани милиса, буд. Низомиёни рус вайро танҳо аз рӯйи авбошӣ куштаанд, онҳо гуфтанд, ки ӯро қаблан намешинохтанд. Ин якумин чунин ҳодисаи куштори ваҳшатнок аз ҷониби низомиёни пойгоҳи 201-ум аст, ки бо корд чанд маротиба зарба зада, дар дохили мошинаш кушта шуда, баъдан аз ҷойи ҳодиса чанд километр дур бурда, даруни оби дарёи Вахш андохта шудааст. Ҳатто ҳуҷҷатҳои вай, шаҳодатномаи нафақаи ин собиқадори милисаро низ сӯхтаанд…»

Сухангӯи раёсати корҳои дохилии Хатлон афзуд, афроди гумонбар дар қатли капитани милиса Амир Муродов аз ҷониби мақомот боздошт гардида, ҳоло дар маҳкамаи мувақатӣ нигоҳдорӣ мешаванд. Додситонии ноҳияи Хуросон дар иртибот ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ба гуфтаи хонум Қодирова, ин ду сарбози рус дар содир намудани ҷинояти мазкур қоил шудаанд.

Талошҳои радиои Озодӣ барои дарёфти шарҳи маъмурияти воҳиди низомии марбут ба Русия дар шаҳри Қӯрғонтеппа, оид ба ҳодисаи мазкур бенатиҷа анҷом ёфтанд. Нафаре аз масъулин ҳозир нашуд дар ин мавзӯъ сӯҳбат анҷом бидиҳад. Ин ҳама дар ҳолест, ки дар нимаи аввали соли равон мақомоти пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар Қӯрғонтеппа аз афзоиши мавориди ҳамла ва латукӯби низомиёни рус дар ин шаҳр изҳори нигаронӣ мекарданд.

Он замон шӯъбаи корҳои дохилии Қӯрғонтеппа чунин ҳодисаҳоро танҳо авбошӣ арзёбӣ кард, аммо таҳлилгарону соҳибназарон аз ин ҳамлаву латукӯбҳои низомиёни рус ҳамчун зуҳури бегонаситезӣ мисол оварданд.

Иддае аз коршиносон мегӯянд, чунин мисолҳои ҳамла ба низомиёни рус то имрӯз ҳам мушоҳида мешаванд, аммо дар ин робита ҳам масъулони пойгоҳи низомӣ ва низ мақомоти интизомии маҳаллӣ моил нестанд, сару садо баланд кунанд. Коршиноси маҳаллӣ Азимҷон Ваҳҳобов гуфт, ин ҳодисаҳо шояд бар интиқомҷӯии собиқ муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Русия мардикорӣ кардаанд, асос бигиранд.

Вай гуфт, «бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ҳамасола садҳо ҷасади тоҷикон аз Русия ба Тоҷикистон ворид мешавад, ҳуқуқи мардикорону муҳоҷирони моро натанҳо бегонаситезон, ҳатто худи кормандони мақомоти интизомӣ поймол мекунанд, он тоҷиконе, ки ба ватан бармегарданд, дармеёбанд, ки низомиёни рус дар кӯчаю хиёбонҳои Қӯрғонтеппа ботакаббур ва бадмастона гаштугузор мекунанд, дар онҳо як навъ ҳисси интиқом бедор мешавад…»

Мақомоти милиса бо таваҷҷӯҳ ба ҷинояткории эҳтимолии сарбозони пойгоҳи низомии 201-уми Русия ва ҳодисаҳои авбошию латукӯб шудани онҳо, аз фармондеҳони пойгоҳи низомӣ, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа мустақар аст, хостори ташдиди низоми гаштугузори афсарону аскарон дар берун аз ҳудудҳои воҳиди ҳарбӣ шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG