Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазири дифоъи Русия ба Тоҷикистон омад


Бино ба хабари вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, имрӯз Анатолий Сердюков-вазири дифоъи Русия барои боздиди корӣ вориди Тоҷикистон шуд. Дар ҷараёни ин боздид вай бо Ҳамроҳхон Зарифӣ- вазири умури хориҷа ва бо Шералӣ Хайруллоев-вазири дифоъи Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ мекунад. Дар зимн масъалаҳои марбут ба фаъолияти пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Сафорати Русия дар Душанбе ба матбуот хабар додааст, ки дар музокироти ҷонибҳо масъалаи ворид овардани тағирот дар қарордоди ҳар ду кишвар роҷеъ ба сохтори пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон ва қарордоди дигари ҳукуматӣ дар бораи заминҳои марзии Тоҷикистон, ки дар ихтиёри нируҳои Русия қарор дорад, баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG