Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худоназар Боқиев: Баъди Олимпиада ба Расул эътибор надоданд


Худоназар Боқиев, паҳлавони тоҷик ва падари Расул Боқиев
Худоназар Боқиев, паҳлавони тоҷик ва падари Расул Боқиев

Дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» вокунишҳо ба изҳороти ахири паҳлавони машҳури тоҷик Расул Боқиев, ки гуфтааст, ба иллати беэътиноии мақомоти Тоҷикистон минбаъд аз кишвари дигар намояндагӣ хоҳад кард, ба таваҷҷӯҳи шунавандагон пешкаш мешаванд.

Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин, минбаъд дар мусобиқоти байнулмилалӣ Русияро намояндагӣ карданист. Дар ин бора сӯҳбатҳои хабарнигори Радиои Озодӣ бо Расул Боқиев дар барномаҳои пешин ба шунавандагони маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» пешкаш шуда буданд.

Ин дафъа мувофиқи хоҳиши хонандагони сомонаи интернетии Радиои Озодӣ мо аз падари Расул ва аввалин мураббии ӯ, паҳлавони маъруфи тоҷик Худоназар Боқиев, ки тӯли чаҳор моҳи ахир бемор аст, хоҳиш кардем, дар бораи сабабҳои аслии ширкат накардани фарзанд ва шогирдаш дар мусобиқот пас аз Олимпиадаи Пекин андешаҳои худро баён созад.

Вай, аз ҷумла, гуфт: «Ба ман ҳамчун падар ва мураббӣ, ба мураббӣ Владимир Елчанинов ягон унвон, ягон грамота барои меҳнатҳо аз тарафи давлат, аз тарафи мақомот мукофотонида нашудааст. Ба болои ин ба Расул Боқиев аз тарафи Кумитаи олимпӣ стипендияе, ки бояд дода мешуд, ҷудо карда нашуд. Аз стипендия маҳрум шуд. Дар ин бора бо ман депутатҳо омада сӯҳбат карданд. Бинанд, ба Расул қариб 9 моҳ ягон стипендия надоданд. Якум ана ҳамин стипендия. Дуюм ин 40-50 каса баъди Олимпиада ба Кореяи Ҷанубӣ бурданд. Не Кумитаи ҷавонону варзиш, не мураббии калон Носир Бозоров, не Федератсияи гуштини дзюдо таклиф накарданд, ки Расул ту ҳамон ҷо рав, таҷриба биёмӯз, як дам гирифта биё. Ягон кас нагуфт. Худашон вибират (интихоб) карданд, худашон хеста рафтанд. Сеюм, Расулро дар байни журналистон хафа карданд, ки ту якум медал наовардӣ, медали якумро дигар кас овардааст. Дар газетаи «Азия-плюс» ва дигар газетаҳо чоп карданд, ки медали якумро дигар кас овардааст. Лекин газетаҳо, Баҳрулло Раҷабалиев опровержение (раддия) надоданд. Ҳол он ки аз Кумитаи байналмилалии олимпӣ мактуб омад, ки шуморо бо аввалин медали олимпии Тоҷикистон табрик мекунем.
Ҳақиқатан баъди Олимпиада ба Расул тамоман эътибор надоданд, ғайри мухлисҳо, ғайри журналистоне, ки дилашон месӯзад.
Ҳам Расул, ҳам ман гуфтанием, ки ҳамин се чиз ба Расул хеле сахт таъсир кард. Чунин муносибат Расулро хеле хаста, хеле рӯҳафтода кард. Мо аз давлат, аз ҳукумат шикоят надорем. Расул ба Ватанаш, ба халқаш хизмат кард. Ман ба ӯ ҳамчун падар, ҳамчун мураббӣ дуо додам, ки минбаъд аз номи кадом давлате, ки дар мусобиқаҳо иштирок кунӣ, бояд аввал андеша намоӣ, ки ту шарафи миллати тоҷикро ҳимоя мекунӣ, зеро ки ту фарзанди тоҷик ҳастӣ».


Дар ин барнома, инчунин, дар бораи бозии мудаъиёни унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон - дастаҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки бо латукӯби доварон хотима ёфт, нақл мекунем.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG