Пайвандҳои дастрасӣ

Эроди ИМА аз тарҳи Эрон барои ҳалли баҳси ҳастаӣ


Иёлоти Муттаҳида пешниҳодҳои Эрон дар робита ба ҳалли баҳс оид ба барномаи ҳастаияшро нокофй мехонад. Ба иттилои вазорати умури хориҷаи кишвар, Теҳрон дар ин пешниҳодҳо рӯи масоили калидие, ки боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ шудаанд, ба таври кофӣ тамаркуз накардааст. Ёдовар мешавем, ки ахиран вазири умури хориҷаи Эрон Манучеҳри Муттақӣ ин пешниҳодҳоро ба ҳайатҳои кишвари хостори музокирот ироа кард. Гуфта мешавад, ки айни ҳол шаш кишвар - Бритониё, Олмон, Чин, Русия, ИМА ва Фаронса дар пайи тазияи посух ба пешниҳодҳои Эронанд. Кишварҳои ғарбй Теҳронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ муттаҳам мекунанд ва аммо мақомоти Эронро инро рад мекунанд ва мегӯянд, ки барномаи ҳастаии кишвар фақат аҳдофи осоишта дорад.
XS
SM
MD
LG