Пайвандҳои дастрасӣ

Ал-Қоида - ташкилкунандаи аслии ҳамлаҳо дар Ироқ


Ба иттилоьи ҳайати фармондеҳии ИМА, бештари ҳамлаҳои ду моҳи ахир дар Ироқ аз сӯи мусаллаҳони гурӯҳи «Ал-Қоида» сурат гирифтанд. Дар ин бора генерал Чарлз Чейкобй хабар дод ва ҳамзамон афзуд, ки солҳои ахир гурӯҳи «Ал-Қоида» дар Ироқ заьиф шудааст. Субҳи рӯзи гузашта бар асари як ҳамлаи маргталабона дар як деҳаи курднишини воқеь дар шимоли Ироқ дасти кам 22 нафар кушта ва тақрибан 50 нафар маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG