Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Молдова ҳукумати навро таъин мекунад


Виталий Пирлог, вазири адлияи Молдова то ташкили кобинаи нав кафили раиси ҳукумати кишвар таьин шуд. Дар ин бора ахиран раисиҷумҳур Владимир Воронин амр содир кард. Дар ҳамин ҳол дирӯз вакилони порлумони нави Молдова се муовини раиси порлумонро интихоб карданд, ки ҳамагй аз аҳзоби ғарбгароянд. Боз як маснади муовини раиси порлумонро бояд намояндаи ҳизби коммунист соҳиб шавад ва аммо намояндагони ин ҳизб дар порлумон гуфтанд, ки дар бораи номзад ба ин мақом баьдан тасмим хоҳанд гирифт.
Нишасти порлумони Молдова бо ширкати ҳама аҳзоб баьди он баргузор шуд, ки Додгоҳи Қонуни асосии кишвар даъвои Ҳизби коммунист дар бораи ғайриқонунӣ дар маснади раиси порлумон интихоб шудани раиси Ҳизби либералӣ Михай Гимпуро рад кард. Коммунистҳо ба чанд қонуншиканӣ дар нишасти аввали парлумон ва зимни пазируфта шудани Гимпу дар мақоми раиси маҷлис ишора карда буданд. Номзадии Гимпу аз сӯи чаҳор ҳизби ғарбгаро пешбарӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG