Пайвандҳои дастрасӣ

Ифтитоҳи нахустин факултаи курдӣ дар Туркия


Дар яке аз донишгоҳҳои Туркия барои нахустин бор факултае ифтитоҳ мешавад, ки он ҷо бо таҳсил бо забони курдй сурат мегирад. Дар ин бора Шӯрои миллии Туркия оид ба маьлумоти олӣ тасмим гирифт. Ин донишгоҳ дар шаҳри Мардин, дар минтақаи ҷанубу шарқии асосан курднишин вокеь аст.
Дар Туркия чун пештара истифодаи забони курдй маҳдуд боқй мемонад. Иттиҳодияи Аврупо, ки бо Анқара дар бораи вуруди Туркия ба ин ниҳод музокирот мекунад, барои густариши ҳуқуқи аққалиятҳои курд талош дорад.
XS
SM
MD
LG