Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирори 10 маҳбус аз Узбакистон


Тошканд фирори 10 маҳбусро аз зиндони Бӯстонлиқ рад мекунад, аммо мақомоти Қазоқистон мегӯянд, дар ҷустҷӯи онҳоянд.

Як намояндаи нерӯҳои марзбони Қазоқистон мегӯяд, бо вуҷуди ҷустуҷӯҳои густарда ҳанӯз ҳеҷ кадоме аз ин 10 маҳбуси фирории Узбакистон боздошт нашудааст. Вай афзуд, маҳалли суқути чархболи Қазоқистон, ки ба эҳтимоли қавӣ аз тири ин фирориён сарнагун шудааст, зери назорат буда, ҷустуҷӯ дар навоҳии атрофи он давом дорад.

Қаблан, расонаҳои Қазоқистон хабар додаанд, ки тибқи баёноти се марзбон, ки дар суқути чархбол зинда мондаанд, панҷ нафар дар дараи Угами ноҳияи Ленгири вилояти Чимканд аз чахбол дида шуда, ҳадафи пайгард қарор ёфтаанд. Фармондеҳи гурӯҳи марзбонии Қазоқистон, сарҳанг Руслан Закиев фармон додааст, ки халабонони чархбол ҷоеро барои нишаст интихоб кунанд. Аммо чархбол суқут карда, 10 низомии Қазоқистон дар ин садама кушта шудаанд.

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, тамоми нерӯҳои полис дар минтақаи ҷанубии ин кишвар ба ҳолати омодабош даромадаанд.

Аммо Идораи маҳбасҳои Узбакистон фирори маҳбусонро рад кард.Аз ҷумла корманди додситонии ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд гуфтааст, ягон нафар аз ин маҳбас нагурехтааст. Вале журналисти узбакзабони ҷануби Қазоқистон, Абдумалик Сормонов гуфтааст, зоҳиран ба назар мерасад, хабари мақомоти Қазоқистон асос дорад, аммо мақомоти Узбакистон намехоҳанд, ин маълумотро эътироф кунанд.

Аҳолии маҳаллӣ низ гуфтааст, дар минтақа афроди ношинос пайдо шуда, дар мавзеъҳои дурдаст пинҳон гаштаанд.
XS
SM
MD
LG