Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазъиф ва таҳаввули шабакаи Ал-Қоида


Акс аз телевизиони Ал-Ҷазира, 29 ноябри соли 2007.
Акс аз телевизиони Ал-Ҷазира, 29 ноябри соли 2007.

Тайи 8 соле, ки аз ҳамлаҳои хунини 11 сентябри соли 2001 алайҳи Амрико мегузарад, Ал-Қоида шеваҳои амалашро ҳамроҳ бо заминаи ақидатиаш ботадриҷ тағйир дод.

Ба назари коршиносон, Ал-Қоидаи кунунӣ дигар на он созмонест, ки 8 сол қабл буд. Аммо бо вуҷуди таҳқиқоти зиёди пиромуни ин шабака анҷомшуда, бисёре аз масоили марбут ба Ал-Қоида ҳамчунон норӯшан ваё дар паси пардаи асрор ва мояи ҳадсу гумонҳо боқӣ мемонад.
Ба назари ман, зуҳури Усома Бин Лоден дар охирин видео бештар ба эҳтимоли зинда будани ӯ далолат мекунад ва феълан барои ӯ зинда мондан ҳадафи аслист...

Як бовари умумӣ дар бораи Ал-Қоида ин аст, ки ин шабака баъд аз соли 2001 чунон заиф шудааст, ки дигар бузургтарин манбаи таҳдиди террористӣ ба ҷаҳон нест.

Аммо бо вуҷуди гузашти 8 сол аз ҳамлаҳои террористии 11 сентябр, сарнавишти раҳбари Ал-Қоида Усома Бин Лоден ҳамчунон номаълум боқӣ монда, таҳлилгарон ҳамоно аз шӯъбa ва гурӯҳҳои мустақили террористие ҳушдор медиҳанд, ки дар заминаи ақидаҳои Ал-Қоида дар бораи ҷиҳоди саросарӣ ба майдон омадаанд.

Моҳо Аъзам аз барномаи Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ дар маркази таҳлилии Чатҳэм Ҳауз дар Лондон мегӯяд: “Ал-Қоидае, ки мо дар ҳамлаҳои 11 сентябр дида будем, Ал-Қоидаи имрӯза нест. Феълан шӯъбаҳое ҳастанд, ки мехоҳанд, амалҳои ҳарчӣ мудҳиштари террористӣ анҷом диҳанд. Аммо онҳо на ҳатман таҳти айни фармондеҳӣ ва ё айни сохтор амал мекунанд. Мо ҳанӯз ба таҳдид рӯбарӯ ҳастем. Таҳдид ҳанӯз побарҷост, вале акнун аз ҷониби бахшҳои хурд ва ё теъдоди афродест, ки даст ба амалҳои ваҳшиёнаи террористӣ мезананд. Ва ин таҳдид аз ҳар гӯшаи ҷаҳон метавонад бархезад.”

Сарвазири Британия Гордон Браун дар поёни соли гузашта гуфта буд, аз чор се ҳиссаи қасди ҳамлаҳои ҷиддии террористӣ, ки дар Британия таҳти таҳқиқ қарор доранд, ба гунае бо раҳбарони шабакаи Ал-Қоида дар Покистон рабт мегиранд.

Аммо дипломатҳои покистонӣ ин иддаоро рад карда мегӯянд, Британия бояд худ пиромуни масоиле, ки мусалмонони ҷавонашро ба оғӯши ифротгароӣ тела медиҳад, масъулияти бештар нишон диҳад.

Шавоҳиди бадастомада ҳокист, ки шабакаи Ал-Қоида тайи дастикам 3 соли охир талош дошт, ҳамлаҳои террористиро дар саросари ҷаҳон аз қаламрави Покистон тавассути миёнҷиҳое, ки ба ин кишвар равуо доштанд. раҳбарӣ ва раҳнамоӣ кунад.

Як намунаи ин ҳукми дар ҳафтаи равон содиршудаи се узви як бахши британиявии Ал-Қоида аст, ки дар қасди ҳамла ба дастикам 7 ҳавопаймои мусофирбар дар соли 2006 муҷрим шинохта шуданд. Мақомоти иктишофии Амрикову Бритониё мегӯянд, тафтишот иртиботи мустақими байни ин афрод ва раҳбарони аршади Ал-Қоида дар Покистонро ошкор кардааст.

Бо ин ҳол, пажӯҳишҳо ҳокист, ки Ал-Қоида тайи 8 соли гузашта дар роҳи истифода аз имконоти шабакаи ҷаҳонии интернет ба манзури ба шабакаҳои ҷиҳодӣ расондани дастурҳояш таҷрибаи фаровон андӯхтааст. Ин дастурҳо одатан бо рамзҳо ироа мешаванд ва бархе мунаққидон мегӯянд, таҳқиқи хубтари матнҳое, ки тавассути интернет нашр мешаванд, метавонист аз ҳамлаҳои бузурге, ки шабакаи ал-Қоида тарҳрезӣ кардааст, ҷилавгирӣ кунад.

Найҷел Инкстер, мудири бахши таҳдидҳои фаромарзӣ ва хатарҳои сиёсӣ дар Пажӯҳишгоҳи байналмилалии мутолиоти сиёсӣ бар ин бовар аст, ки раҳбарони аршади Ал-Қоида ҳамчунон дар манотиқи марзии байни Афғонистону Покистон ва ғолибан дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон паноҳ мебаранд.

Аммо ӯ меафзояд, хеле фаъол шудани нирӯҳои Покистон дар ин манотиқ, ҳамроҳ бо ҳамлаҳои иктишофӣ ва ҳавоии нирӯҳои Амрико, тавони раҳбарии мустақими амалиётҳо дар саросари ҷаҳон аз хоки Покистонро барои Ал-Қоида рӯз то рӯз мушкилтар мекунад: “Дар ҳоли ҳозир Ал-Қоида аз як як созмони террористӣ дида, шояд бештар ба як ҷунбиш бимонад. Яъне созмоне, ки барои гурӯҳҳои зиёди мухталифи амалан парокандашуда ва ба ҳоли худ ҳамчун чатри ақидатӣ хидмат мекунад.”

Таҳлилгар Моҳо Аъзам дар инзивоъи бештар қарор гирифтан ва амалан парокандаву заъиф шудани Ал-Қоидаро эътироф мекунад.
Вале Найҷел Инкстер ба сарнавишти шахси раҳбари Ал-Қоида мепардозад ва мегӯяд, мутмаин ҳаст, ки Усома Бин Лоден ҳанӯз зинда буда ва аз паноҳгоҳаш, ки эҳтимолан дар сарзаминҳои қабиланишини бо Афғонистон ҳаммарзи Покистон аст, идеоложии Ал-Қоидаро ҳамчунон тавассути паёмҳои садоиву тасвирӣ ба саросари ҷаҳон паҳн мекунад.

Вай меафзояд: “Ба назари ман, зуҳури Усома Бин Лоден дар охирин видео бештар ба эҳтимоли зинда будани ӯ далолат мекунад. Ман гумон мебарам, ки ӯ эҳтимолан дар сарзаминҳои қабиланишини марзии Покистон, вале дар шароите ба сар мебарад, ки ба гумони ман, имкони мушоҳида ва назорати ҳаррӯзааш бар фаъолиятҳои амалии Ал-Қоида хеле кам аст. Ба назари ман, феълан барои ӯ зинда мондан ҳадафи аслист. Ман далоиле дар даст надорам, ки ба ҳалокати Бин Лоден бовар кунам. Балки як силсила шавоҳиде ҳаст, ки ҳокии эҳтимолан зинда будани ӯст.”

Ин дар ҳолест, ки Раул Бедӣ, хабарнигори Jane's Defence Weekly дар Осиёи Ҷанубӣ мегӯяд, кам чизе дар мавриди сарнавишти Бин Лоден дастрас аст.

Ба бовари Раул Бедӣ, фанновариҳои навин имкони тақаллуби наворҳои видеоии раҳбари Ал-Қоидаро хеле осон кардааст ва агар Усома Бин Лоден ҳатто кушта шуда бошад ҳам, ба манфиати шабакаи Ал-Қоида ҳаст, ки қартаи зинда будани ӯро аз бозӣ берун накашанд.
XS
SM
MD
LG