Узбакистон гуфт, ки барои иҷрои корҳои иктишофӣ дар 7 кони ураниумаш дар биёбони бузурги Қизилқум озмуни байналмилалӣ эълон мекунад. Наримон Мавлонов, раҳбари кумитаи давлатии заминшиносӣ ва захираҳои маъодини Узбакистон гуфт, Узбакистон тамоми асноди лозим барои озмунҳои байналмилалиро, ки моҳи марти соли оянда эълон хоҳанд шуд, омода кардааст. Ӯ афзуд, ҳар ширкати хориҷӣ метавонад дар ин озмунҳо ширкат биварзад. Узбакистон, ки қарордоди содироти ураниумаш ба Ҷопону Кореяи ҷанубиро дар солҳои ахир ба поён расонд, дар байни 10 тавлидкунадаи бузурги ураниуми ҷаҳон қарор дорад.