Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Саъд Ҳарирӣ истеъфо дод


Номзад ба сарвазирии Лубнон Саъд Ҳарирӣ имрӯз гуфт, ки баъд аз 10 ҳафтаи талошҳо ба хотири ташкили давлати эътилофӣ бо гурӯҳҳои мухолиф истеъфо медиҳад. Ҳарирӣ дар пайи мулоқоташ бо раисиҷумҳури Лубнон Мишел Сулаймон дар Бейрут гуфт, умедвор аст, ки ин тасмими ӯ ба нафъи Лубнон ва имкони дигаре ҷиҳати шурӯъи дубораи гуфтугӯҳо шавад.
Мухолифини таҳти раҳбарии Ҳизбуллоҳ дар авоили ин ҳафта пешниҳоди Саъд Ҳаририро дар бораи ҳайъати кобина радд карданд, ки инак ба истеъфои ӯ овард.
XS
SM
MD
LG