Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обхезиҳои пурқурбонӣ дар шимолуғарби Туркия


Обхезиҳои шадид дар шимолуғарби Туркия 31 нафар ҳалок шуда, дастикам 8 нафар беномунишон боқӣ мемонанд. Дастикам 24 нафар фақат дар Истамбул ҳалок шудаанд. Расонаҳои туркӣ мегӯянд, амалиёти поккорӣ дар дар минтақаҳои селзадаи ғарби Истамбул ва қад-қади соҳили баҳри Мармар шурӯъ шудааст.
Офати табиӣ чандин шоҳроҳҳоро, ки Туркияро бо Юнону Булғористон мепайваст, қатъ ва садҳо манзилро тахриб кард. Дар пайи ин селхезиҳо интиқод аз бунёди беиҷозати манозил зиёд шуд. Гуфта мешавад, чунин манзилҳои осебпазир ба мизони талафоти селхезиҳои ахир афзудааст.
XS
SM
MD
LG