Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 4 сарбози арманӣ дар наздикии Қаробоғ


Матбуоти Озарбойҷон дар бораи ҳалокати 4 сарбози арманӣ дар як задухӯрд бо нирӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон дар наздикии вилояти ҷудоиталаби Қаробоғи кӯҳӣ хабар дод.
Аммо ин хабар то ҳол расман аз ҷониби Озарбойҷон ё Арманистон таъйид нашудааст. Бино ба хабарҳо, ин даргирӣ дар ноҳияи бо Қаробоғи ҷудоиталаб ҳамҷавори Агдам рух додааст.
Арманиҳои Қаробоғ бо пуштибонии Арманистон дар пайи ҷанги хунине, ки 30 000 кушта ба ҷо гузошт, ин вилоятро аз зери назорати Боку берун оварданд. Соли 1993 дар Қаробоғ қарордоди оташбас имзо шуд, вале музокироти сулҳи ин минтақа то ҳол ба натиҷа нарасидааст.
XS
SM
MD
LG