Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирофи Арақӣ дар мавриди шумори қурбониён


Фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гуфт, дар ошӯбҳои баъд аз интихоботи 12 июн дар Эрон 36 нафар ҳалок шудаанд. Абдуллоҳ Арақӣ дар сӯҳбатҳое, ки рӯзномаи ислоҳталаби “Эътимод” нашр кард, мегӯяд, 3 нафар дар зиндони Каҳрезак дар ҷануби Теҳрон фавтидаанд. Мақомоти Эрон қаблан ҳалокати ҳудуди 30 нафарро дар ошӯбҳое, ки баъд аз эълони пирӯзии раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод Эронро фаро гирифт, эътироф мекарданд. Аммо мухолифин шумори ҳалокшудагонро 72 нафар мегуфт. Раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар моҳи июл ба дунболи нашри хабарҳо дар бораи бадрафториҳои густурда дар маҳбаси Каҳрезак дастур дод, ки ин зиндонро бубанданд.
XS
SM
MD
LG